Афзоиши тамоюли русҳо барои сафар ба Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i48606-Афзоиши_тамоюли_русҳо_барои_сафар_ба_Эрон
Мудири анҷумани тургардонони Русия эълом кард, ки алоқа ва тамоюли гардишгарони рус барои сафар ба Эрон афзоиш ёфтааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 25, 2019 09:09 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши тамоюли русҳо барои сафар ба Эрон

Мудири анҷумани тургардонони Русия эълом кард, ки алоқа ва тамоюли гардишгарони рус барои сафар ба Эрон афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Мая Ломидзе афзуд: Наздикии Ироқ ва бархе кишварҳои бесуботи Ховари миёна ба Эрон бар алоқаи гардишгарони рус барои сафар ба ин кишвар таъсири манфӣ нагузоштааст.

 Ин мақоми гардишгарии Русия бо баёни ин, ки Эрон ҳамон Порси бостонӣ аст афзуд: Бо ин ҳол низоми раводид, монеъи афзоиши сафари гардишгарон аз Русия ба Эрон мешавад.

 Дар ҳамин ҳол Валерия Короина, масъули як ширкати гардишгарии Русия, ки гардишгарони русро ба Эрон равон мекунад мӯътақид аст, ки зарфиятҳои бузурге барои афзоиши сафари гардишгарони рус ба Эрон вуҷуд дорад  

  Вай Эронро музейи паҳновари зери осмони боз тавсиф кард ва афзуд:Садҳо ҷозибаи беназири гардишгарӣ дар Эрон, ин кишварро ба яке беҳтарин маконҳои дунё бо имконоти густурда барои гардишгарӣ табдил кардааст.

 Короина гуфт: Бисёре аз гардишгарони рус, ки ба Эрон сафар мекунанд ба ин кишвар дил мебанданд ва тамоми таблиғоти манфӣ дар расонаҳоро аз ёд мебаранд ва аз сафар ба ин кишвар ризоят доранд ва ҳатто бархе барои бори дувум мехоҳанд ба Эрон сафар кунанд.