Ноябр 26, 2019 12:37 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрон бар зарурати посухгӯии Шӯрои амнияти Созмони Миллал

Намояндаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид гуфт:Шӯрои амният ва аъзои он бояд дар қиболи амалкарди худ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ посухгӯ шаванд.

Ба гузориши Садои Хуросон ,Маҷиди Тахтравончӣ, ки дар нишасти марбут ба ислоҳоти Шӯрои амният, ки дар ҳафтоду чаҳорумин маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид баргузор шуд,афзуд: Масъулияти аввалияи ҳифзи сулҳу амнияти байналмиллалӣ бар уҳдаи ин шӯро ниҳода шудааст, аммо бо нигоҳи гузаро ба короии феълӣ ва гузаштаи шӯро дар бораи ин масъулият, бо ҳар санҷише интизоротамон аз ин шӯро бароварда намешавад.

 Намояндаи доими Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид изофа кард: Дар мавзӯъоти зиёде, ин шӯро бидуни иқдом ё беасар ва дар мавзӯъоти хоссе бисёр бо қудрат буда ва ҳамчунин аз сӯи бархе аъзои доими он ба таври ҷиддӣ истисмор шудааст.

 Тахтравончӣ бо баёни инки дар натиҷаи ин амалкард, Шӯрои амният бо буҳрони қонун ва эътибор ру ба ру шудааст, изҳор кард: Танҳо меъёри тиллоӣ барои арзёбии амалкард ва короии ин шӯро, усули адолат ва қонуни байналмиллалӣ аст, ки маншури Созмони Миллал ба он таъкиди ошкор дорад.

 Вай таъкид кард: Истифода аз ин меъёрҳо ба унвони мисол дар арзёби амалкарди шӯро дар мавриди авзоъи минтақаи мо,ошкоро нишон медиҳад, ки тақрибан дар ҳама мавридҳо, аз қадимитарин буҳрони минтақаи мо яъне ишғоли ғайриқонунӣ ва номашруъи Фаластин ва бахшҳое аз Сурия ва Лубнон, таҷовузи Саддом алайҳи Эрон ва таҷовузи Амрико алайҳи Ироқ то идомаи муҳосираи ғайриинсонии навори Ғазза ва эҷоди бадтарин буҳрони башарии ҷаҳон дар Яман, "адолат" ва "қонун" аз аслитарин унсурҳои гумшуда ҳастанд.

 

Барчасп