Ҷоми ҷаҳонии куштӣ ба Эрон бозгашт
Мизбонии Ҷоми ҷаҳони куштии фарангии соли 2019 ба Эрон бозгашт.
Ба гузориши ИРНА, дар пайи таъвиқ дар баргузории Ҷоми ҷаҳонии куштии фарангӣ дар Эрон ва пайгириҳои вазири варзиш ва ҷавонони ин кишвар барои ҳифзи ҳаққи мизбонии Эрон аз сӯи Иттиҳоди ҷаҳонии куштӣ, баргузории мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии куштӣ бо тағйири таърих дар Эрон қатъӣ шуд.
Масъуди Султонифар, вазири варзиш ва ҷавонони Эрон дар тамосҳои телефонӣ бо сафирони Эрон дар кишварҳои Ҷопон ва Русия хостори пайгирии ҳузури намояндагони ин кишварҳо дар Ҷоми ҷаҳонии Теҳрон шуд.
Дар пайи инсирофи Ҷопон ва Венгрия аз ҳузур дар ин рақобатҳо ва ҳамчунин тавсияи вазорати хориҷаи бархе кишварҳо барои ба таъвиқ андохтани мусобиқот, қарор буд, Ҷоми ҷаҳонӣ дар замони дигаре баргузор шавад.
Сухангӯи Федератсияи куштии Эрон дар вокуниш ба таъвиқи рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонии куштии фарангӣ ба мизбонии Эрон аз сӯи Иттиҳоди ҷаҳонии куштӣ эълом кард, ки ҳеҷ маҳдудияте барои баргузории рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонӣ дар кишвар, вуҷуд надорад ва тамоми муқаддамоти он, аз ҷумла толори рақобатҳо, меҳмонхона ва ҷоизаҳои долларӣ фароҳам шудааст.
Дабири кулли Иттиҳоди ҷаҳонии куштӣ эълом карда буд, ки дар шароити кунунӣ, заминаи баргузории рақобатҳо муносиб нест ва ин мусобиқот то иттилои баъдӣ ба таъвиқ хоҳад афтод.
Қарор буд, ин мусобиқот дар рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъаи ин ҳафта бо ҳузури 8 тими бартари пайкорҳои куштии фарангии қаҳрамонии соли 2019-и ҷаҳон дар толори 12 ҳазорнафарии Озодии Теҳрон баргузор шавад.