Эрон меҳмони бозорчаи хайрияи Булғористон
Ройзани фарҳангии Эрон дар София аз намоиши саноеи дастии Эрон ба ҳиммати ройзании фарҳангии Эрон дар 25-умин бозорчаи байналмилалии хайрияи Булғористон хабар дод.
Ҳамидризо Озодӣ, ройзани фарҳангии Эрон дар София бо эъломи ин хабар гуфт: Ба ҳиммати ройзании фарҳангии Эрон ва бо ҳамкории сафорати Эрон дар Булғористон, намоишгоҳи саноеи дастӣ ва ғизоҳои эронӣ дар 25-умин бозорчаи байналмилалии хайрияи Булғористон рӯзи якшанбе 10-уми озармоҳ дар ҷашнвораи хайрияи Булғористон баргузор хоҳад шуд.
Ба нақл аз ИКНА, вай афзуд: Ин ҷашнвора ҳамасола дар остонаи соли нави мелодӣ бо мушорикати намояндагони сиёсӣ ва фарҳангии кишварҳои мухталифи хориҷии муқим ва муассисоти байналмилалии Булғористон ба муддати як рӯз дар маҳалли доимии ин намоишгоҳ баргузор мешавад.