Ноябр 27, 2019 21:20 Asia/Dushanbe
  • Рабиӣ: Рафтори Амрико дар иғтишошоти Эрон аз тариқи мароҷеи байналмилалӣ пайгирӣ мешавад

Сухангӯи давлати Эрон бо баёни ин, ки давлати Амрико сабабгори иттифоқоти ахир дар Эрон аст гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон рафтори Амрико дар иғтишошотро аз тариқи мароҷеи байналмилалӣ пайгирӣ мекунад.

Иҷрои тарҳи ислоҳи қимати маводи сӯхт (бензин) дар Эрон аз 15 ноябр эътирози мусолиматомези мардумро дар Теҳрон ва бархе шаҳрҳои дигари Эрон ба ҳамроҳ дошт. Аммо иддае ошӯбгари омӯзишдида бо ҳузур дар байни мардуми мӯътариз дар Эрон ба амволи умумӣ ва шахсӣ, ҳатто бонкҳо ва васоили ҳамлу нақли умумӣ осеб ворид карданд.

 Рабиӣ, сухангӯи давлати Эрон рӯзи чоршанбе дар ҷамъи хабарнигорон, дар вокуниш ба ҳимояти вазири умури хориҷаи Амрико аз иғтишошгарон афзуд: Сиёсатбарандозӣ, суннати деринаи Амрико дар Эрон аст.

Майк Помпео, вазири умури хориҷаи Амирко рӯзи сешанбе дар нишасти хабарӣ дар Вашингтон бори дигар аз иғтишошгароне, ки ҳафтаи гузашта ба амволи миллати Эрон хисорат ворид карданд ва ҷони чанд шаҳрванди оддӣ ва нерӯи амниятиро гирифтанд, ҳимоят кард.