Ноябр 28, 2019 19:28 Asia/Dushanbe
  • Мӯнисон: Эрон барои ҷазби солона 1,5 миллион гардишгари чинӣ ҳадафгузорӣ кардааст

Вазири мероси фарҳангӣ, саноати дастӣ ва гардишгарии Эрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҷазби солона 1,5 миллион гардишгари чинӣ, ҳадафгузорӣ кардааст.

Алиасғари Мӯнисон, вазири мероси фарҳангӣ, саноати дастӣ ва гардишгарии Эрон, ки ба Чин рафтааст, асри панҷшанбе дар оғози вуруд ба фурудгоҳи Пекин, афзуд, Чин солона 150 миллион гардишгар ба хориҷ аз ин кишвар мефиристад ва ҳамвора ҷузъи кишварҳои бартар дар ҳавзаи гардишгарӣ аст.

Вазири мероси фарҳангӣ, саноати дастӣ ва гардишгарии Эрон барои ширкат дар иҷлоси байналмилалии вазирони гардишгарии тамаддунҳои куҳан дар Пекин, ба чин рафтааст.

Дидор бо вазири фарҳанг ва гардишгарии Чин, вазири гардишгарии Юнон ва гуфтугӯҳои хабарӣ бо расонаҳои Чин аз дигар барномаҳои Мӯнисон дар сафар ба Пекин аст.

Чин муҳиммтарин манбаи таъмини гардишгар дар ҷаҳон аст ва дар соли 2018 наздик ба 150 миллион чинӣ ба хориҷ аз марзҳои ин кишвар сафар карданд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон низ аз соли 2011 ба феҳрасти мақсадҳои гардишгарии Чин изофа шудааст.

 

Барчасп