Ноябр 30, 2019 14:44 Asia/Dushanbe
  • Сафари муовини сиёсии Вазорати умури хориҷаи Эрон ба Пекин

Муовини сиёсии Вазорати умури хориҷаи Эрон ба даъвати ҳамтои чинии худ ва дар ростои ройзаниҳо дар бораи БарҶом, субҳи имрӯз, шанбе вориди Пекин шуд.

Ба нақл аз Форс, Сайид Аббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии Вазорати умури хориҷаи Эрон ба даъвати ҳамтои чинии худ ва ба манзури идомаи машваратҳои сиёсии ду кишвар дар бораи БАРҶОМ субҳи имрӯз, шанбе вориди Пекин шуд ва мавриди истиқболи Муҳаммади Кишоварззода, сафири Эрон дар Чин қарор гирифт.

Сайид Аббоси Ироқчӣ, ахиран дар гуфтугӯ бо баёни ин, ки тавофуқи ҳастаии Эронро ҳанӯз метавон ҳифз кард гуфт, Аврупо бояд талоши бештаре барои ҳфзи барҷоме анҷом диҳад, ки хостори тадовуми он аст.

Гонг Шонг, аз сухангӯёни Вазорати хориҷаи Чин ахиран бо баёни ин, ки мавзӯи ҳастаии Эрон ба марҳилаи ҳассосе расида ва Чин бо соири тарафҳои ҳозир дар БАРҶОМ дар мавриди ҳимоят ва иҷрои ин тавофуқ иртиботи наздике дорад, унвон кард: Чин мӯътақид аст, ки иҷрои комил ва муассири БАРҶОМ танҳо роҳи муассир барои коҳиш дар хусуси мавзӯи ҳастаии Эрон аст.

 

Барчасп