Абунасри Форобӣ ва Аттори Нейшобурӣ дар рӯйхатти гиромидошти ЮНЕСКО
Дабири кулли Комиссиони миллии ЮНЕСКО дар Эрон аз қарор гирифтани номи Абунасри Форобӣ ва Аттори Нейшобурӣ дар рӯйхатти гиромидошти Комиссиони миллии ЮНЕСКО хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; Ҳуҷҷатуллоҳ Аюбӣ дабири кулли Комиссиони миллии ЮНЕСКО дар Эрон гуфт, ҳар ду сол як бор кишварҳо метавонанд ду шахсияти барҷастаи худро ба ЮНЕСКО муаррифӣ кунанд, то бузургдошти ин шахсиятҳо баргузор шавад.
Ба гуфтаи Аюбӣ пас аз баррасии гуруҳҳои коршиносӣ дар ниҳоят ду шахсияти Абунасри Форобӣ ва Аттори Нейшобурӣ барои муаррифӣ ба ЮНЕСКО ба манзури дарҷ дар рӯйхатти гиромидошт интихоб шуданд.
Дабири кулли Комисииони миллии ЮНЕСКО дар Эрон бо баёни ин ки Абунасри Форобӣ аз мафохири Эрон дар улуми забон, математика, химия, ҳаёт, мусиқӣ, табииёт, илоҳиёт, улуми маданӣ ва фиқҳ ва мантиқ будааст афзуд, бузургдошти ин нобиғаи андешманд, ки дар саросари умр барои пайванди дину фалсафа дар таърихи андешаи исломӣ талош кард руйдоди бузуг аст.
Аюбӣ ҳамчунин бо ишора ба ҷойгоҳи рафиъи Аттори Нейшобурӣ ва қарор гирифтани номи ин ориф ва шоири номии Эрон дар рӯйхатти гиромидошти ЮНЕСКО гуфт, ҷои хурсандӣ аст номи Аттор, ки умри худро дар садсолаи шаш ва ҳафти қамарӣ дар роҳи сайр ва сулук гузошт дар рӯйхатти гиромидошти ЮНЕСКО қарор гирифтааст.
Фаридуддини Абуҳомили Муҳаммади Аттори Нейшобурӣ машҳур ба шайх Аттори Нейшобурӣ аз орифон, суфиён ва шоирони эронии баландовоза дар поёни садсолаи шашум ва оғози садсолаи ҳафтум аст, ки ҳангоми ҳамлаи муғул ба Эрон ба қатл расид.