Декабр 03, 2019 19:24 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Эрону Тоҷикистон барои муомилоти молӣ бо пулҳои миллӣ

Вазири нерӯи Эрон гуфт, бо таваҷҷуҳ ба тавофуқҳои суратгирифтаи байни Эрону Тоҷикистон муомилоти молии ду кишвар дар оянда бо истифода аз пулҳои миллӣ анҷом хоҳад шуд.

Ризо Ардакониён рӯзи сешанбе дар маросими имзои асноди ҳамкориҳои иқтисодии байни Эрону Тоҷикистон гуфт, баргузории сездаҳумин иҷлоси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фаннии Эрону Тоҷикистон бисёр муваффақиятомез буд ва бояд ба иҷрои тавофуқҳои суратгирифта таваҷҷуҳ шавад. Вазири нерӯи Эрон тавсеаи ҳамкориҳои гумрукӣ ва бонкиро яке аз мавориди тафоҳумномаҳо хонд ва эълом кард, ки кумитаи вижае барои пайгирии мубодилоти бонкӣ эҷод хоҳад шуд. Ардакониён афзуд, аз дидгоҳи масъулони низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон, тавсеаи равобити ҳамаҷониба бо кишварҳои исломӣ дар садри таваҷҷуҳи авлавиятҳост ва Тоҷикистон дар ин миён аз ҷойгоҳи вижа ва арзандае бархурдор аст. Вай тиҷорат, иқтисод, ҳамкориҳои бонкӣ ва бимаиро аз тавофуқоти ду кишвар дар сездаҳумин иҷлоси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ донист ва гуфт, ин тавофуқот шомили тавсеаи ҳамкориҳои бонкӣ ва бима аз тариқи ташкили кумитаи муштарак ва истифода аз пулҳои миллӣ дар таъмини молии тарҳҳост. Вазири нерӯи Эрон иқдоми муштарак барои такмили хатти роҳи оҳани  Эрон – Афғонистон – Тоҷикистон, иртиқо ва тавсеаи корхонаҳои ҳавзаи нафт ва гази Тоҷикистон, идомаи ироаи хадамоти фаннии муҳандиси дар тарроҳӣ ва сохти сомонаҳои обу фозилоб ва нерӯгоҳҳои барқи обӣ ба тарафи тоҷик, истифода аз тавони ширкатҳои паймонкорӣ ва корхонаҳои созандаи таҷҳизот дар ҳавзаи саноати обу барқ ва тавофуқ барои судури фаровардаҳои нафтӣ ва маҳсулоти петрошимӣ ба Тоҷикистонро аз дигар мавориди тавофуқи байни Теҳрону Душанбе эълом кард.

Ардакониён бо ишора ба тавофуқоти суратгирифта дар ҳавзаи ҳамкориҳои омӯзишӣ, табодули устоду донишҷӯ ва эътои бурсҳои таҳсилӣ ба якдигар, густариши ҳамкориҳои ҳуқуқие чун интиқоли маҳкумон ва истирдоди муҷримон ибрози умедворӣ кард, то маҷмӯаи тавофуқҳо фасли ҷадидеро дар тавсеаи равобити байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон рақам занад.

 

Барчасп