Декабр 05, 2019 12:35 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз китоби “Забони миллат, ҳастии миллат” - навиштаи раисҷумҳури Тоҷикистон+akc

Дар маросиме аз китоби “Забони миллат, ҳастии миллат”, навиштаи раисҷумҳури Тоҷикистон рӯнамоӣ шуд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, дар ин маросим, ки бо талоши Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон дар мавқуфаи дуктур Афшор баргузор шуд, вазирони энержӣ ва нерӯи Эрон ва Тоҷикистон, сафирони Русия, Босния,Туркия ва Афғонистон, Узбакистон,Тоҷикистон ва сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ва ҳамчунин раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ ҳузур доштанд.

Дуктур Қарибӣ, раиси Бунёди Саъдӣ ва мутарҷими ин асар дар ин маросим гуфт, ин китоб бо ҳамкории Бунёди Саъдӣ ва Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ -тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон бо шуморагони ду ҳазор нусха мунташир шудааст.

Вай афзуд, ин асар дар 6 фасл, шомили даврабандии таърихии забон тоҷикӣ, саргузашти таърихии вожаи тоҷик ва забони тоҷикӣ, забон ва истилои аъроб ва нахустин сулолаҳои эронитабор, забони навиштории тоҷикӣ дар даврони оғозин ва давраи боландагӣ ва шукуфоии забони тоҷикӣ аст.

Фасли ахири китоб низ ба густариши забони тоҷикӣ ба унвони забони байналмилалӣ ихтисос дорад.

 

Барчасп