Декабр 06, 2019 18:27 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Бо вуҷуди таҳрими Амрико,тарози тиҷории Эрон таҳсинбарангез аст

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон гуфт, имрӯз Эрон дар ҳавзаҳои мухталифи илмӣ ва муҳандисӣ соҳиби ному нишон аст ва бо вуҷуди таҳримҳои Амрико акнун тарози тиҷории Эрон таҳсинбарангез аст.

Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, ҳуҷҷатулислом валмуслимин Сайид Муҳаммадҳасани Абутуробифард дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон таъкид кард, истодагӣ дар баробари Амрико, яъне ҳаракат дар масири тавлиди дониш, халқи фанноварӣ ва сохтани Эроне муқтадир бо болотарин даромади сарона, ки ин масир танҳо бо дастёбӣ ба фанновариҳои навин ва тиҷорисозии илм ба даст меояд.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон дар бахши дигаре аз хутбаҳои намози ҷумъа, бо ишора ба иҷрои тарҳи ислоҳи қимати бензин гуфт, набояд ин амри муҳиму бузург, ки метавонист бо иҷмои нухбагони сиёсӣ ва илмӣ ва ҳимояти миллати бузург нақшаи роҳи ваҳдат ва иқтидори миллӣ шавад, ба бистаре барои сӯиистифодаи бегонагон ва сервисҳои иттилоотӣ ва ҷосусӣ табдил мешуд.

Абутробифард таъкид кард, таваҷҷуҳ ва расидагӣ ба мушкилоти хонаводаҳои осебдида дар ҳаводиси ахир, дар авлавияти кори ҳамаи масъулон қарор гирад.