Декабр 07, 2019 13:19 Asia/Dushanbe
  • Фаро расидани солрӯзи вафоти ҳазрати Фотимаи Маъсума (с) таслият бод

Имрӯз (шанбе) 10-уми рабийуссонии 1441 ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо 7-уми декабри соли 2019 солрӯзи вафоти ҳазрати Фотимаи Маъсума (саломуллоҳу алайҳо) хоҳари гиромии ҳазрати Имом Ризо (а) аст.

Ҳарами мутаҳҳари Фотимаи Маъсума (с) дар шаҳри муқаддаси Қум, дар ҷануби устони Теҳрон воқеъ шудааст.

Шаҳри муқаддаси Қум дар шаби солрӯзи вафоти ҳазрати Фотимаи Маъсума (саломуллоҳи алайҳо) духтари имом Мусои Козим (а), имоми ҳафтуми шиаён ғарқ дар сӯгу мотам аст.

Мардуми ин шаҳр бо барафроштани парчамҳову байрақҳои сиёҳ ба нишонаи азо ва бо баргузории маросими мухталифи азодорӣ, иродати худ ба ин бонуи ислом ва ишқу иродати худро ба аҳли байти исмату таҳорат (а) ба намоиш  мегузоранд.

Имрӯз дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Маъсума (саломуллоҳи алайҳо) барномаҳои вижаи суханронӣ ва маддоҳӣ баргузор мешавад ва зоирону муҷовирони он ҳазрат низ азодорӣ ва сӯгворӣ мекунанд.

Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон фаро расидани солрӯзи вафоти ҳазрати Маъсума (с)-ро ба ҳамаи мусалмонону дигар озодихоҳони ҷаҳон таслият мегӯяд.