Ҳузури тавлидкунандагони 18 кишвари ҷаҳон дар намоишгоҳи байналмилалии санъати ранги Эрон
(last modified Mon, 09 Dec 2019 13:33:32 GMT )
Декабр 09, 2019 18:33 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури тавлидкунандагони 18 кишвари ҷаҳон дар намоишгоҳи байналмилалии санъати ранги Эрон

Нуздаҳумин намоишгоҳи байналмилалии ранг ва пӯшишҳои санъатӣ, маводи композит ва санъати обкории Эрон бо ҳузури тавлидкунандагони 18 кишвари ҷаҳон имрӯз (душанбе) дар Теҳрон ифтитоҳ шуд.

Дар ин давра аз намоишгоҳи байналмилалии санъати ранг ва обкории Эрон, беш аз 240 тавлидкунандаи эронӣ ва 55 ширкати хориҷӣ аз кишварҳои Испания, Амрико, Фаронса, Чин, Ҳинд, Олмон, Тайван, Кореяи Ҷанубӣ, Русия, Италия, Швейтсия, Туркия, Иморот, Юнон, Ироқ, Афғонистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳузур доранд.

Ҳимоят аз санъати ранг ва мавод композит ва санъати обкорӣ дар Эрон бо рӯйкарди тақвияти содирот ва фароҳам кардани бистаре барои иртиқои сатҳи камӣ ва кайфиятии бахши тавлиди маҳсулоти эронӣ аз муҳиммтарин аҳдофи барпоии ин намоишгоҳ аст.

Тавлиди ранг дар Эрон бо қидмате наздик ба 80 сол, солона наздик ба 50 миллион тонна аст.

Ҳамакнун саҳми содироти Эрон аз се маҳсули ранг ва часб, солона ҳудуди 180 миллион доллар аст ва муҳиммтарин мақосиди содиротии Эрон кишварҳои Афғонистон, Покистон, Кувейт, Ироқ, Туркманистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон аст.

Нуздаҳумин намоишгоҳи байналмилалии ранг ва пӯшишҳои санъатӣ, маводи композит ва санъати обкории Эрон ба муддати чаҳор рӯз дар Теҳрон барпо аст.