Декабр 10, 2019 10:55 Asia/Dushanbe
  • Вазири беҳдошти Эрон: камбуд дору дар кишвар надорем

Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт: бо вуҷуди тавтеаи душманон барои эҷоди буҳрон имрӯз камбуди муҳиме дар арсаи дору ва дармон барои мардуми кишвар надорем.

Ба нақл аз ИРНО, доктор Саиди Намакӣ дар ҳошияи боздид аз марокизи дармонии Сабзавор дар ҷамъи хабарнигорон афзуд, камбуди доруии имрӯзи кишвар нисбат ба порсол коҳиш дошта ва ба як севвум расидааст. Вай идома дод, бо инояти давлат ва Маҷлиси Шурои исломӣ будҷети соли 99 Вазорати беҳдошт, нисбат ба соли равон ҳудуди 15 дарсад афзоиш дорад, ки албатта тағйироте низ дар маҷлис дода мешавад. Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт:бо вуҷуди камбуди манобеъ ва мушкилоти иқтисодӣ як ҳазор тарҳи беҳдоштӣ ва дармонӣ дар кишвар омодаи баҳрабардорӣ аст. Вай афзуд, таи 20 ҳафтаи оянда то ҳафтаи саломат дар урдибиҳшти соли 99 шамсӣ (майи 2020) ҳар ҳафта 50 тарҳи беҳдоштӣ ва дармон бо авлавияти минтақаҳои маҳрум барои афзоиши дастрасии одилона ба хадамоти беҳдоштӣ дар кишвар ба баҳрабардорӣ мерасад.