Декабр 10, 2019 17:14 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди фармондеҳони нерӯҳои баҳрии Эрону Покистон бар густариши ҳамкорӣ

Фармондеҳи нерӯи баҳрии артиши Эрон ва фармондеҳи нерӯи баҳрии Покистон бар густариши ҳамкории дуҷониба таъкид карданд.

Амири дарёдор (адмирал) Ҳусейни Хонзодӣ, фармондеҳи нерӯи дарёии артиши Эрон, ки ба Покистон сафар кардааст, дар дидор бо Зафар Маҳмуд Аббосӣ, фармондеҳи нерӯи баҳрии ин кишвар бо таъкид бар ин ки бисёре аз давлатҳои хориҷӣ талош мекунанд, зарфиятҳои минтақа фаъол нашавад, гуфт, душманон дар садади эҷоди тафриқа байни кишварҳои минтақа ҳастанд, ки муқобила бо ин тавтеаҳо ҳушмандии кишварҳои ҳамсояро металабад. Хонзодӣ ҳамчунин бо ишора ба раёсати нерӯи баҳрии артиши Эрон дар иҷлоси Анҷумани Кишварҳои Ҳошияи Уқёнуси Ҳинд тасреҳ кард, Эрон мунтазир аст, то Покистон низ дар размоиши амнияти баҳрӣ ҳузур ёбад. Фармондеҳи нерӯи баҳрии артиши Эрон мавзӯи баҳрро барои Покистон ва Эрон бисёр муҳим тавсиф кард ва афзуд, Эрон аз ҳамакнун омодаи эъзоми нов ба банодири Покистон аст.

Зафар Маҳмуд Аббосӣ, фармондеҳи нерӯи баҳрии Покистон низ дар ин дидор бо баёни ин ки Эрону Покистон иштирокоти фаровоне доранд, изҳор кард, ду кишвар иштирокоте дар роҳгузари баҳрӣ доранд, ки метавонад ба сатҳи даромади мусалмонони минтақа кумак кунад. Аббосӣ тасреҳ кард, вуҷуди ин роҳгузар фурсати хубе барои истифодаи иқтисодӣ аст ва Эрон метавонад нуқтаи иттисоли хубе барои Шарқу Ғарб бошад. Фармондеҳи нерӯи баҳрии Покистон бо баёни ин ки нерӯҳои баҳрии Эрону Покистон метавонанд дар баҳр даст ба даст ҳам диҳанд, гуфт, сатҳи равобити ду нерӯи баҳрӣ кофӣ нест ва ду кишвар бояд дар ин минтақа нақши худро бештар кунанд.

 

Барчасп