Паҳлугирии нахустин киштии ҳомили колои асосӣ дар бандари Бушеҳр
(last modified Thu, 12 Dec 2019 08:48:33 GMT )
Декабр 12, 2019 13:48 Asia/Dushanbe
  • Паҳлугирии нахустин киштии ҳомили колои асосӣ дар бандари Бушеҳр

Мудири кулли банодир ва дарёнавардии устони Бушеҳр, ҷануби Эрон, аз паҳлӯ гирифтани нахустин киштии ҳиндии ҳомили колои асосӣ дар искела ё паҳлӯгоҳи бандари Бушеҳр хабар дод.

Сиёваш Арҷмандзода изҳор дошт, пас аз гузашти панҷ сол, киштии ҳомили 10 ҳазор тон биринҷ аз мабдаи Ҳинд вориди бандари Бушеҳр шудааст.

Мудири кулли банодир ва дарёнавардии устони Бушеҳр гуфт, бар асоси барномарезии анҷомшуда то поёни соли ҷорӣ (1398 ҳиҷрии шамсӣ) чаҳор адад киштии дигари ҳомили колоҳои асосӣ барои тахлия дар бандари Бушеҳр паҳлӯ мегирад.

Арҷмандзода гуфт, пас аз лойрубии канали бандари Бушеҳр вазъияти умқи канал барои дастрасӣ беҳбуд ёфтааст. Ба тавре, ки дар ҳоли ҳозир имкони паҳлугирии киштиҳои 30 ҳазор тоннӣ дар ин бандар фароҳам шудааст.

Мудири кулли банодир ва дарёнавардии устони Бушеҳр аз афзоиши 10 дарсадии тахлия ва боргирии коло дар банодири Бушеҳр нисбат ба порсол хабар дод ва хотирнишон кард, дар ҳашт моҳи гузашта 2 миллион тон коло дар банодири Бушеҳр тахлия ва боргирӣ шудааст.