Декабр 12, 2019 14:58 Asia/Dushanbe
  • Баргузории вижаи барномаи шаби Ялдо дар бурҷи Мелод

Бурҷи Мелод вижабарномаи шаби Ялдоро бо унвони “Ялдое ба баландои Мелод” бо ҳадафи муаррифии ойини суннатии Ялдо дар Эрон ва кишварҳои ҳамсояе ҳамчун Афғонистон ва Тоҷикистон баргузор мекунад.

Вижабарномаи “Шаби Ялдо” бо ҳузури намояндагони кишварҳои узви ЭКО ва сафирони кишварҳои Афғонистон ва Тоҷикистон 30 озармоҳ дар салони Саъдӣ, маркази ҳамоишҳои бурҷи Мелод баргузор хоҳад шуд.

Ба гузориши ИСНА, дар ин барнома гурӯҳҳои мусиқӣ аз кишварҳои Афғонистон ва Тоҷикистон низ иҷрои втжае хоҳанд дошт. Ҳамчунин Носир Файз, Саиди Биёбонакӣ ва Ризо Рафеъ - аз шоирони матраҳи кишвар шеърхонии танз ва Шаҳрӯз Эрониён шоҳномахонӣ мекунад.

Бахши поёнии маросим фолгирӣ аз девони Ҳофиз ва таҳияи лавҳи ёдбуди “Ялдо” хоҳад буд.

Ин маросим аз соати 15 то 17 дар рӯзи шанбеи 30 озар дар салони Саъдии бурҷи Мелод баргузор мешавад.