Декабр 17, 2019 18:04 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши содироти ғайринафтии Эрон ба Қатар

Арзиши содироти колоҳои ғайринафтии устони Бушаҳр, ҷануби Эрон ба Қатар дар 8 моҳи гузашта 57 дарсад нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл афзоиш доштааст.

Ба гузориши ИРНА, Абулқосими Муҳаммадзода, муовини умури бозаргонӣ ва тавсеаи тиҷорати Созмони саноат, маъдан ва тиҷорати устони Бушаҳр рӯзи сешанбе дар нишасти баррасии қобилиятҳои содиротии ин устон гуфт, содироти колоҳои ғайринафтии гумрукоти устони Бушаҳр ба кишвари Қатар дар 8 моҳи гузашта ҳудуди 180 миллион доллар гузориш шудааст. Муҳаммадзода афзуд, дар як моҳи гузашта низ беш аз 8 миллион доллар коло аз бандарҳои устони Бушаҳр ба Қатар содир шуд, ки нисбат ба муддати мушобеҳи сол қабл беш аз 29 дарсад рушд доштааст.

Бар асоси ин гузориш, колои содиротии Эрон дар 8 моҳи гузашта ба Қатар шомили маҳсулоти кишоварзӣ, семент ва клинкер, майгӯ (креветки)-и парваришӣ  ва шимш (силдки)-и фӯлодӣ будааст.

 

Барчасп