Декабр 19, 2019 17:48 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрону Туркия бар зарурати ҳамкорӣ ва ҳамбастагии кишварҳои исломӣ

Руасои ҷумҳуриҳои Эрон ва Туркия бо истиқбол аз баргузории иҷлоси сарони теъдоде аз кишварҳои исломӣ дар Малайзия ба манзури баррасии мушкилоти ҷаҳони ислом бар зарурати ҳамкорӣ ва ҳамбастагии бештари кишварҳои исломӣ таъкид карданд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия рӯзи панҷшанбе дар ҳошияи иҷлоси сарони Куала-Лумпур-2019 дар Малайзия мавзӯоти минтақаӣ, бавижа раванди таҳаввулот дар Сурияро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Рӯҳонӣ бо ибрози нигаронӣ аз идомаи ҳузури Амрико дар Сурия ва талош барои тасаллут бар чоҳҳои нафти Сурия хостори ҳамкориҳои бештари Эрону Туркия бо давлати Сурия шуд. Раисҷумҳури Эрон ҳамчунин хостори ҳамкорӣ бо давлати Сурия барои хурӯҷи гурӯҳҳои террористӣ аз шаҳри Идлиб ва эҷоди оромиш барои мардуми ин шаҳр шуд. Раисҷумҳурҳои Эрону Туркия дар ин дидор ҳамчунин бо мурури охирин вазъияти равобити дуҷонибаи ду кишвар тавсеа ва таъмиқи ин равобит дар ҳама заминаҳо, бавижа энержӣ, ҳамлу нақл, саноат, тиҷорат ва бонкиро мавриди таъкид қарор доданд. Дар ин мулоқот қарор шуд, намояндагони вижаи раисҷумҳурҳои ду кишвар тафоҳумоти ин мулоқот ва тавофуқоти Комиссияи муштараки иқтисодии ду кишварро дар ояндаи наздик дар кумитаҳои тахассусӣ пайгирӣ ва иҷроӣ кунанд.

Иҷлоси сарони Куала-Лумпур-2019 субҳи имрӯз бо ҳузури раисони ҷумҳуриҳои Эрон ва Туркия, нахуствазири Малайзия, амири Қатар ва садҳо тан аз шахсияту нухбагони кишварҳои исломӣ дар Малайзия оғоз шуд.

 

Барчасп