Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Мусулмонон дар баробари тавтеаҳои душманон ҳушёр бошанд
(last modified 2019-12-20T11:59:00+00:00 )
Декабр 20, 2019 16:59 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Мусулмонон дар баробари тавтеаҳои душманон ҳушёр бошанд

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба таҳаввулоти кишварҳои исломӣ, бар лузуми ҳушёрии мусулмонон дар баробари тавтеаҳои душманон таъкид кард.

Оятуллоҳ Муҳаммад Имомии Кошонӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон бо баёни ин ки мустакбирон ҳамвора дар садади зарба задан ба мусулмонон ҳастанд, афзуд, гурӯҳи террористии ДИИШ - ро Амрико ва режими саҳюнистӣ эҷод карданд то аз ин тариқ ба манофеи худ даст ёбанд.

Оятуллоҳ Имомии Кошонӣ гуфт, ҷониён ва хоинони бисёре дар Ироқ тавассути душман бар мавҷи мутолиботи мардум савор шудаанд, ки мардуми ин кишвар бояд дар ин замина ҳушёр бошанд.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин бо интиқод аз рафтори давлати Нигерия бо шайх Иброҳим Закзоки, раҳбари Ҷунбиши исломии ин кишвар афзуд, ҷаҳони Ислом бояд барои озодии шайх Закзоки талош кунад.

Шайх Закзоки ва ҳамсараш 13 декабри 2015 дар ҳамлаи низомиёни Нигерия ба ҳусайнияе дар шаҳри Зориё боздошт шуданд. Дар ин ҳамла садҳо нафар, аз ҷумла се фарзанди шайх Закзоки низ ба шаҳодат расиданд. Пас аз талошҳо ва эътирозҳои бисёр ва фишорҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, додгоҳи Нигерия августи 2019 ба шайх Закзоки ва ҳамсараш иҷоза дод то барои дармон ба Ҳинд сафар кунанд, аммо ба иллати норизоятӣ аз раванди дармон, маҳдудиятҳои амниятӣ ва набуди пизишкони мавриди эътимод, шайх Закзокӣ ва ҳамсараш пас аз ду рӯзи иқомат дар Ҳинд, ин кишварро ба мақсади Нигерия тарк карданд. Нерӯҳои амниятии Нигерия пас аз он ки шайх Закзоки ва ҳамсараш вориди фурудгоҳи Абуҷа шуданд, онҳоро ба макони номаълум мунтақил карданд.