Декабр 23, 2019 18:37 Asia/Dushanbe
  • Шамхонӣ: Таҳрим ва терроризм ду роҳбурди Амрико зидди кишварҳои мустақил аст

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, таҳрим ва терроризмро ду роҳбурди Амрико зидди кишварҳои мустақил донист.

Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон рӯзи душанбе дар дидори Субраҳманям Ҷайшанкар (Subrahmanyam Jaishankar), вазири умури хориҷаи Ҳинд дар Теҳрон бо ишора ба иштирокоти таърихӣ ва фарҳангии ду кишвар афзуд, Теҳрон ва Деҳлии Нав метавонанд бо тақвияти равобит дар ҳамаи сутӯҳ, зимни таъмини манофеи ду кишвар, нақши муҳимме дар маҳор ва мудирияти буҳронҳои минтақаӣ ифо кунанд. Шамхонӣ бо баёни инки имрӯз терроризм ва ифротгарӣ муҳиммтарин таҳдидоти муштараки ҳамаи кишварҳои минтақа ҳастанд, гуфт, ҳамкории мустамар ва эҷоди созу корҳои минтақаӣ барои муқобила бо таҳдидоти муштарак, масири мудохилаи кишварҳои хориҷӣ ба баҳонаи муқобила бо таҳдиди терроризмро масдуд мекунад.

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон бо ишора ба баргузории дуввумин нишасти гуфтугӯи минтақаӣ дар Теҳрон тасреҳ кард, кишварҳои минтақа ва ҳамсоягони Афғонистон дидгоҳҳои воҳиде дар хусуси зарурати кумак ба давлати Афғонистон барои муқобила бо терроризм ва пайгирии музокироти сулҳ бо гурӯҳҳои мухталиф доранд.

Вазири умури хориҷаи Ҳинд низ аз иродаи масъулони олии ду кишвар барои афзоиши сатҳи ҳамкориҳои Эрон ва Ҳинд хабар дод. Ҷайшанкар афзуд, ҳамкории муштараки Эрон ва Ҳинд дар тавсеаи бандари Чобҳор(ҷануби шарқи Эрон) ва эҷоди зерсохтҳои ҷадид дар ҳавзаи энержӣ, тиҷорат ва транзити коло таъсири қобили таваҷҷуҳе дар шукуфоии иқтисодии минтақа ба унвони яке аз заруратҳои муҳимми эҷоди субот ва амният ба думбол хоҳад дошт.

Нишасти Комиссияи муштараки иқтисодии Эрон ва Ҳинд рӯзи гузашта (якшанбе) бо ҳузури вазирони умури хориҷаи ду кишвар дар Теҳрон баргузор шуд.