Зариф; Эрон омодаи ҳамкорӣ бо ҳамсоягон барои таъмини амнияти Халиҷи Форс аст
Вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба оғози размоиши муштараки дарёии Эрон, Русия, ва Чин, омодагии Теҳронро барои ҳамкорӣ бо ҳамсоягон ба манзури таъмини амнияти Халиҷи Форс эълом кард.
Размоиши дарёии муштараки Эрон, Чин, ва Русия аз рӯзи ҷумъа бо паёми Сулҳу дӯстӣ ва амнияти пойдор дар сояи ҳамкорӣ ва Иттиҳоди ҷамъӣ дар шимоли уқёнуси Ҳинд ва дарёи Уммон оғоз шуд ва то рӯзи душанбе идома хоҳад дошт.
Дар ин размоиш тамринҳои тактикии мутанавеъе аз ҷумла наҷоти шиновари дучори ҳариқ, озодсозии шиновари мавриди тааруз қарор гирифта ва тирандозӣ алайҳи ҳадафҳои мушахас дар дарё тавассути ягонҳои се кишвар анҷом хоҳад шуд.
Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи ҷумъа дар саҳифаи шахсии худ дар ТВИТТЕР бо таъкид бар иҷроии тарҳи Сулҳи Ҳурмузи Эрон навишт ; размоиши муштараки дарёии Эрон, Русия ва Чин дар дарёи Уммон ва уқёнуси Ҳинд, таъаҳуди мо барои ҳифзи амнияти оброҳҳои муҳимро мушахас мекунад.
Бо таваҷуҳ ба афзоиши танишҳо дар минтақаи ғарби Осиё дар натиҷаи иқдомҳои Амрико ва мутаҳидонаш ва иттиҳомзаниҳои мукарар алайҳи Эрон, Ҳасани Рӯҳонӣ раиси ҷумҳурии исломии Эрон 25 сентиябр дар суханронии худ дар Маҷмаъи умумии Созмони Милалли Муттаҳид, бо табйини мавозеъи минтақаӣ ва байналмиллалии Эрон, тарҳи сулҳи минтақаӣ бо унвони Ибтикори сулҳи Ҳурмуз ё Иттилофи Умедро ироа кард.