Декабр 30, 2019 09:58 Asia/Dushanbe
  • Ҳамосаи 9 дей; рӯзи басират ва мисоқи уммат бо вилоят гиромӣ бод

Имрӯз мусодиф аст бо солрӯзи ҳузури ошуроии мардуми ҳамосасоз ва вилоятмадори Эрон дар роҳпаймоии 9 дейи соли 1388 ҳиҷрии шамсӣ (30 декабри 2009), ки нуқтаи атфе дар таърихи инқилоб ва барги заррини дигаре дар ифтихороти мардуми Эрони исломӣ ба ҳисоб меояд.

Ба гузориши ПорсТудэй, ҳамосаи 9 дей намоди иззат, истиқлол ва басирати мардумӣ аст, ки то пои ҷон барои ҳифзи усули ислом ва ормонҳои инқилоб истодаанд ва бо садои расо эълом карданд агар душман дар баробари дини онҳо биистад дар баробари тамоми дунёи онҳо хоҳанд истод.

Нуҳуми дей дар таърихи инқилоби исломӣ бо унвони рӯзи басират табдил ба явмуллоҳ ва мондагор гардид. Дар ин рӯзи мондагор ва таърихии миллати ҳамеша дар саҳнаи Эрон, ҳамосае дигар офарид ва душманони Худо ва динашро маъюс ва ноумед сохт ва қалби имом замон (аҷ) ва ноиб бар ҳақаш ҳазрати оятуллоҳ Хоманаиро  шод кард.

Метавон гуфт нуҳуми дей рӯзи ғалабаи лашкариёни илоҳӣ бар лашкариёни шайтон аст. Рӯзи хуруши миллати Эрон ва ошкор сохтани хашми муқаддас дар баробари аҳонатҳо ва ҳурматшиканиҳои иддае ғофил ва маздур вобаста ба бегонагон нисбат ба муқаддасот дар рӯзи Ошурои ҳусайнӣ (а) аст.

Мардуми Эрон дар ин рӯз тири халосро ба сарони фитна шиллик ва пушти пайкари номубораки фитнагаронро ба хок молиданд. Дар рӯзи нуҳуми деймоҳи 1388 ҳиҷрии шамсӣ, машруияти сиёсии низоми исломии Эрон бори дигар бо ҳузури худҷӯши даҳҳо миллионии мардум дар Теҳрон ва дигар шаҳрҳои Эрони исломӣ ба ҷаҳониён эълом шуд.

Нуҳуми дейи соли 1388 ёдовари роҳпаймоии миллиионии мардуми Эрон дар эъломи бароат аз сохторшиканони ҷомеа ва посухе қотеъ ба аносури фитнагарӣ буд, ки ба баҳонаи тақаллуб дар даҳумин давраи интихоботи раёсат ҷумҳурии Эрон масири бероҳаро дар пеш гирифта буданд.