Боздиди фармондеҳи нирӯи дарёии артиши Эрон аз новшиканҳои Чин ва Русия
Фармондеҳи нирӯи дарёии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ба даъвати фармондеҳони новгурӯҳи Русия ва Чин аз ягонҳои ин ду кишвар дар бандари Чобаҳор боздид кард.
Адмирала Ҳусейни Хонзодӣ, фармондеҳи нирӯи дарёии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз поёни размоиши муштараки Эрон, Русия ва Чин бо ҳузур дар новшикани русии “Ярослав Мудрий” зимни боздид аз бахшҳои мухталифи ин новшикан, бо қобилиятҳо ва имконоти он ошно шуд.
Хонзодӣ ба даъвати фармондеҳи ягони Чин бо ҳузур дар новшикани “Xining” аз бахшҳои мухталифи ин ягон низ боздид кард.
Ҳамчунин бо ҳузури фармондеҳони ягонҳои ширкаткунанда дар размоиши муштараки Эрон, Русия ва Чин, нишасти баррасӣ ва арзёбии амалкарди ягонҳо дар ин размоиш баргузор шуд.
Размоиши муштараки дарёии Эрон, Русия ва Чин, ки аз 27 декабр дар бандари шаҳид Биҳиштии Чобаҳор (ҷануби шарқи Эрон) оғоз шуда буд, асри рӯзи гузашта (якшанбе) дар минтақаи шимоли Уқёнуси Ҳинд поён ёфт.
Дар се рӯзи иҷрои размоиши муштарак, тамриноти мухталифе, аз ҷумла тирандозии сатҳӣ, имдод ва наҷоти дарёӣ, итфои ҳариқ ва муқобила бо дуздии дарёӣ бо муваффақият анҷом шуд.
Табодули таҷрубаи амният дар миёни кишварҳои Эрон, Русия ва Чин аз муҳиммтарин аҳдофи ин размоиш буд.