Зариф: Эрон ва Русия ба думболи сулҳ дар минтақа ҳастанд
(last modified Mon, 30 Dec 2019 17:06:55 GMT )
Декабр 30, 2019 22:06 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Эрон ва Русия ба думболи сулҳ дар минтақа ҳастанд

Вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба доманзадани бархе кишварҳо ба ноамнӣ ва ҷангафрӯзӣ дар ҷаҳон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Русия бар хилофи дигарон ба дунболи субот ва амният дар минтақа ва ҷаҳон ҳастанд.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе дар дидор бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар Маскав бо баёни инки Теҳрон ва Маскав дорои ибтикороти минтақаии мушобеҳ ва ҳамсӯ ҳастанд, афзуд, равобити Эрон ва Русия дар ин шароити ҳассос дар беҳтарин сатҳи худ қарор дорад ва иродаи Теҳрон бар тавсеа ва таъмиқи ин равобит аст.

Зариф размоиши дарёии муштараки Эрон, Русия ва Чинро ҳамкорӣ барои сулҳ хонд ва тасреҳ кард, Теҳрон ва Маскав ба ҳамкории худ дар ҳама сутӯҳ идома хоҳанд дод.

Лавров низ дар ин дидор хотирнишон кард, Русия ва Эрон дорои дидгоҳҳои муштарак дар бисёре аз масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ ҳастанд ва ибтикороти сулҳомези ду кишвар баёнгари ҳамин мавзӯ аст.

Сергей Лавров хурӯҷи Амрико аз БарҶом-ро якҷониба ва ғайри қонунӣ хонд ва онро бар хилофи қатъномаи 2231 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид донист ва изҳор кард, ҳама бояд барои ҳифзи БарҶом ва ҷилавгирӣ аз фурӯпошии он, талош кунанд.

Равобити дуҷониба ва масоили минтақаӣ, аз ҷумла авзо дар Халиҷи Форс, Сурия ва Афғонистон аз дигар мавзӯоти гуфтугӯ ва ройзании Зариф ва Лавров буд.

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон якшанбешаб дар садри ҳайати олирутба барои дидор ва ройзанӣ бо мақомоти аршади Русия вориди Маскав- пойтахти ин кишвар шуд.