Август 01, 2021 13:38 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Таърихчаи бадаҳдиҳои Амрико ба сӯрати китоб мунташир мешавад

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, таърихчаи бадаҳдиҳои Амрико ба сӯрати китоб мунташир мешавад.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф, гуфт, дар номае, ки ду ҳафта қабл ба Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид навиштам ба таърихчаи бадаҳдиҳои Амрико ишора шудааст.

Зариф афзуд, бо бадаҳдии амрикоиҳо рӯбарӯ шудем.

Вай ҳамчунин афзуд, ба унвони вазорати хориҷа вазифа доштем, ки барои дастрасӣ ба воксани хориҷӣ кумак кунем, ки барои ин кор дар хизмати вазорати беҳдошт будем ва токунӯн беш аз 10 миллион воксани хориҷӣ вориди кишвар шудааст.

Ба гуфтаи Зариф, бо барномарезие, ки шуда дар моҳҳои оянда чанд даҳмиллиони дигар воксан ворид хоҳад шуд.

Зариф афзуд, дар ҳавзаи дипломасии иқтисодӣ ва ҳавзаи афзоиши эътибори эронӣ дар хориҷи кишвар, талошҳое шуда ва имрӯз дунё ба эронӣ ба унвони фарди маъқул ва қобили эътимод ва фарде, ки рӯи ҳарфи худ меистад, вале дар баробари зулм қад хам намекунад нигоҳ мекунад.

Муҳаммадҷаводи Зариф ҳамчунин гуфт, амрикоиҳоро дар Бар Ҷом шикаст додем ба рағми ин ки қудрати иқтисодии Амрико тавонист фишорҳоеро бар мардум ворид кунад, аммо се бор зарфи думоҳ дар Созмони Милали Муттаҳид шикаст хӯрданд ва мардуми мо ба дунё собит карданд он касе ки эҷоди мушкил дар дунё мекунад ва он касе ки бояд рафтори худро тағйир диҳад Амрико аст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп