Сардор Сулаймонӣ дар миёни 10 чеҳраи асаргузори сиёсати байналмиллал аз диди Гардиян
Сардор Сулаймонӣ дар миёни 10 чеҳраи асаргузори сиёсати байналмиллал аз диди нашрияи Гардиян шуд.
Ба нақл аз Форс, нашрияи Гардиян дар гузорише дар хусуси 10 чеҳраи камтар расонаие, ки бар сиёсати байналмиллал асаргузории қобили таваҷҷуҳе доранд навиштааст, ки сардор Сулаймонӣ дар фаолиятҳои минтақаии Эрон нақше меҳварӣ ифо мекунад.
Рӯзномаи Гардиян дар гузорише бо мавзӯи чеҳраҳои камтаррасонаие, ки дар соли оянда метавонанд сиёсат ва равобити байналмиллалиро таҳти таъсир қарор диҳанд аз сардор Қосими Сулаймонӣ ба унвони чеҳрае меҳварӣ дар фаолиятҳои минтақаии Эрон ёд кардааст.
Ин рӯзнома бо ишора ба ин ки дар ҳар кишвар чеҳраҳое вуҷуд доранд, ки ба дур аз диди расонаҳо дар сиёсатгузорӣ ва пешбурди ҳадафҳои кишвар асаргузор ҳастанд дар гузориши худ ба 10 нафар аз ашхосе ишора карда, ки камтар шинохта шуда, аммо бисёр бонуфуз ҳастанд ва дар пушти саҳна ифои нақш мекунанд.
Гардиян сардор Сулаймониро масъули амалиётҳои махфии Эрон дар хориҷ аз кишвар ва яке аз қудратмандтарин чеҳраҳои Ховари Миёна тавсиф карда ва навиштааст, ки вай дар қалби фаолиятҳои минтақаии Эрон қарор дорад ва Амрико ва Исроил чандин бор барои ҳазфи вай талош кардаанд.
Владислов Сурков мушовири бо нуфузи раиси ҷумҳури Русия, Сибс Надия сухангӯи Фаронса, Аҷит Кумар Дувол мушовири амнияти миллии нахуствазири Ҳинд, Стефан Милер мушовири раиси ҷумҳури Амрико, Муҳаммад Ҳамадон Доголу фармондеҳи нерӯҳои вокуниши сареъи Судон, Петр Алмайтер вазири умури иқтисодӣ ва мушовири садри аъзами Олмон, Иброҳим Калин мушовири баландпоя ва сухангӯи раиси ҷумҳури Туркия, Лия Ҳе муовини нахуствазир ва намояндаи Чин дар музокироти тиҷорӣ бо Амрико ва Мегуэл Дияз-Канал раиси ҷумҳури Куба дигар чеҳраҳое аст, ки дар ин гузориш аз онҳо ном бурда шудааст.