Январ 01, 2020 10:14 Asia/Dushanbe
  • Солрӯзи валодати ҳазрати Зайнаб (с) муборак бод!

Имрӯз, чоршанбе 5-уми ҷумодиюлаввали соли 1441 ҳиҷрии қамарӣ (аввали январи соли 2020), солрӯзи валодати ҳазрати Зайнаби Кубро (с) аст.

Ҳазрати Зайнаб (с) усва ва сармашқе барои тамоми занон ва мардони озодихоҳ ва зулмситез дар ҳамаи замон‏ҳо аст.

Эшон дар канори бародари бузургворашон, ҳазрати Имом Ҳусейн (а) бо ҷараёни мунҳарифе мубориза карданд, ки ба исми дифоъ аз ислом, фоҷиаи бузурги Карбалоро ба вуҷуд овард.

Ҳазрати Зайнаб (с) бо ифшогариҳои худ дар Куфа ва Шом зидди дастгоҳи ҳукумати фосиди Язид, аҳдоф ва фалсафаи қиёми Имом Ҳусейн (а)-ро барои ҳамеша мондагор кард.

Ҳазрати Зайнаб дар фоҷиаи Карбало ва пас аз он, ҳангоме ки аҳли байти Паёмбар (с) ва бозмондагони дигар шаҳидон ба асорат бурда шуданд, парасторӣ аз ҳазрати Зайнулобидин (а) ва дигар беморон ва мусибатзадагонро бар ӯҳда дошт, аз ин рӯ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи мелоди ҳазрати Зайнаб (с) “Рӯзи парстор” номгузорӣ шудааст.

Сайти parstoday.com ва Радиои тоҷикии Садои Хуросон, фаро расидани солрӯзи валодати ҳазрати Зайнаби Кубро (с), бонуи қаҳрамони исломро ба ҳама мусулмонон ва озодихоҳони ҷаҳон ва низ ба парасторони гиромӣ табрик мегӯяд.