Иддаои сафири Бритониё дар Теҳрон: Ба ҳамаи тааҳҳудотамон дар БарҶом пойбандем
Сафири Бритониё дар Теҳрон бо ин иддао, ки кишвараш ба ҳамроҳи ду узви дигари аврупоии БарҶом ба ҳамаи тааҳҳудот дар ин тавофуқ пойбанд аст, аз гомҳои коҳиши тааҳҳудоти БарҶом-ии Эрон ибрози нигаронӣ кард.
Роб Макэйр, сафири Бритониё дар Теҳрон дар видеое дар сафҳаи “Инстаграм”-и ин сафоратхона бо табрики Соли нави милодӣ унвон кард: “Соли нав, соли умедворӣ аст ва ман умедворам дар соли 2020 ба чолишҳои душвор байни Эрон ва ҷомеаи байналмилал бипардозем, мисли БарҶом, амнияти минтақа ва ҳуқуқи башар ва ҳамчунин битавонем бо ҳам дар заминаи мушкилоте мисли тағйироти иқлимӣ, ки ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро таҳти таъсир қарор медиҳад, ҳамкорӣ кунем”.
Сафири Бритониё бо баёни инки Эрон бо чолишҳои сангини иқтисодӣ мувоҷеҳ аст, изҳор дошт, иқдомоти Эрон дар заминаи ҳастаӣ (гомҳои коҳиши тааҳҳудот) барои ҷомеаи байналмилал нигаронкунандааст ва ба ҳалли мушкилоти иқтисодӣ кумак намекунад.
Макэйр муддаӣ шуд, ки ин иқдомот БарҶомро дар маърази хатари бузурге қарор медиҳад.
Вай гуфт: “Мо (Бритониё, Олмон ва Фаронса) ба унвони шарикони аврупоии БарҶом бо инки Амрико аз он берун рафта, тамоми талоши худро мекунем, ки ин тавофуқ амалӣ шавад”.
Сафири Бритониё дар ҳоле, ки кишвараш ба ҳамроҳи ду узви дигари аврупоии БарҶом ва аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо иқдоми амалӣ дар ростои иҷрои тааҳҳудоти БарҶом-ӣ сурат надодаанд дар ин видео муддаӣ шуд: “Мо ба тамоми тааҳҳудотамон дар ин тавофуқ пойбандем ва барои расондани Эрон ба мазоёи лозим ҳатто фаротар аз он тааҳҳудот низ меравем”.
Вай гуфт, умедворам Эрон аз ин фурсат истифода кунад то бо мо ва дигар кишварҳое, ки хоҳони барқарории сулҳ ва шукуфоӣ дар минтақа ҳастанд, ҳамкорӣ кунад.
Вай бо баёни инки амнияти минтақа ҳамчунон осебпазир аст, изҳор дошт, ҳамалоти ин ҳафта дар Ироқ нишон медиҳад, ки то чӣ ҳадд ин бесуботӣ бавуҷуд омада тавассути гурӯҳҳои шибҳинизомӣ ва густариши таслиҳот метавонад мунҷар ба афзоиши танишҳо шавад ва хатари хатои муҳосиботиро боло бибарад.
Сафири Бритониё изофа кард, соли 2020 соли муҳимме барои мавзӯе, ки барои ҳамаи мардуми ҷаҳон аҳамият дорад, яъне масъалаи ҳуқуқи башар низ ҳаст; Дар соли оянда ҷомеаи байналмилал ба тарғиби Эрон барои амал ба стандартҳои ҳуқуқи башар, ки шомили муҳокимоти одилона ва озодии баён аст, идома хоҳад дод.
Макэйр баён кард, умедворам соли ҷадид фурсате барои тафоҳумоти бештар бошад, то битавонем дар бораи масъалаи муҳимме, ки барои ҳама аҳаммият дорад ба сурати созанда ҳамкорӣ кунем.
Вай дар поён гуфт: “Орзӯ мекунам соли 2020 соли хубе барои ҳама ва барои ин кишвар (Эрон) низ соли хуш ва сулҳомез бошад.