Январ 03, 2020 16:50 Asia/Dushanbe
  • Оятуллоҳ Хотамӣ: Амрикоиҳо дигар дар ҷаҳон оромиш нахоҳанд дошт

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо маҳкум кардани ҷинояти Амрико дар ба шаҳодат расонидани сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ таъкид кард, амрикоиҳо дигар дар ҷаҳон оромиш нахоҳанд дошт.

Оятуллоҳ Сайид Аҳмади Хотамӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон бо баёни ин ки шаҳид Сулаймонӣ муҷоҳиди хастагинопазир буд, афзуд, сипаҳбуд Сулаймонӣ бо талошҳои худ, гурӯҳи террористии ДИИШ –ро нобуд кард.

Вай бо ишора ба ин ки шаҳид Сулаймонӣ чеҳраи байналмилалии ҷаҳони Ислом буд ва имрӯз ҷаҳони муқовимат дар Ироқ, Сурия ва Лубнон доғдори ӯст, тасреҳ кард, замони он расидааст, ки минтақа аз вуҷуди душманон пок шавад.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо таъкид бар ин ки сипаҳбуд Сулаймонӣ ҳамвора орзӯи шаҳодат мекард, гуфт, амрикоиҳо мутмаин бошанд, интиқоми хуни шаҳид Сулаймонӣ аз онҳо гирифта хоҳад шуд.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон таъкид кард, роҳи шаҳид Сулаймонӣ идома дорад ва бераҳрав нахоҳад монд.

Сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бомдоди имрӯз (ҷумъа) дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ наздики фурудгоҳи Бағдоди Ироқ ба шаҳодат расид.