Ба шаҳодат расондани сардор Сулаймонӣ бузургтарин хатои роҳбурдии Амрико
(last modified Sat, 04 Jan 2020 07:36:18 GMT )
Январ 04, 2020 12:36 Asia/Dushanbe
  • Ба шаҳодат расондани сардор Сулаймонӣ бузургтарин хатои роҳбурдии Амрико

Шурои олии амнияти миллии Ҷумҳурии исломии Эрон дар паи ҷинояти Амрико дар ба шаҳодат расондани сардор сипаҳпуд Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи ҷумъа пас аз ҷаласаи фавқулодаи худ бо баррасии паҳлуҳои мухталифи ин ҳодиса тасмимоти муқтазоро иттихоз ва баёнияе содир кард.

Шурои олии амнияти миллии Ҷумҳурии исломии Эрон дар ин баёния тасреҳ кардааст, Амрико бидонад ин ҳамлаи ҷинояткорона бузургтарин хатои роҳбурдии ин кишвар дар минтақаи ғарби Осиё будааст ва Вашингтон аз табаоти ин иштибоҳи муҳосиботӣ ба осонӣ раҳоӣ нахоҳад ёфт.

Шурои олии амнияти миллии Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин бо баёни ин ки ҷинояткорон бо интиқоми сахт дар замон ва макони муносиб ру ба ру хоҳанд шуд, афзуд, бидуни шубҳа ин ҷиноят интиқоми ДИИШ ва террористҳои такфирӣ аз фармондеҳони бузурги мубориза бо терроризм буд, ки ба дасти Амрико алайҳи намодҳои ифтихоромези нобудии терроризм дар Ироқ ва Сурия сурат гирифт.

Иқдомоти террористии Амрико дар ба шаҳодат расондани сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ  фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва шуморе аз ҳамроҳони вай дар бомдоди рӯзи ҷумъа севвуми январ дар наздикии фурудгоҳи Бағдод якбори дигар нишон дод, ки ҷанги Амрико бо терроризм нест, балки Амрико худ хостгоҳи терроризм ва иллати аслии ноамнӣ ва шарорат дар минтақааст. Амрико пеш аз ин низ борҳо нишон дода, ки душмани ҳар ҷараёне аст, ки муқобили террористҳо биистад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ рӯзи чаҳоршанбеи ҳафтаи гузашта дар дидори ҳазорон нафар аз парасторони саросари Эрон бо ишора ба изҳороти раиси ҷумҳури Амрико дар муқассир донистани Эрон ба унвони омили аслии қазияҳои ахири Ироқ ва таҳдиди миллати Эрон таъкид карданд, ҳама бидонанд Эрон ба дунболи ҷанг нест, аммо бо ҳар кас, ки манофеъ, масолеҳ, иззат, азамат ва пешрафти миллати Эронро таҳдид кунад бидуни мулоҳиза муқобила ва зарбаи сахте ба ӯ ворид хоҳад кард.

Ҷумҳурии исломии Эрон ҳеҷгоҳ оғозгари ҷанг дар минтақа ва ё хориҷ аз минтақа набуда, аммо дар дифоъ аз амнияти худ лаҳзае тардид намекунад. Дар моҳи июни соли гузашта замоне, ки Амрико ба дунболи моҷароҷӯӣ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз буд; бо истифода аз паҳподи фавқи пешрафтаи  RQ-۴  Глуболҳок ба ҳарими ҳавоии Эрон таҷовуз кард, ки саранҷом сарнагунии паҳподи Амрико бо падофанди қудратманди ҳавоии Эрон буд. Дар ҳоле, ки ҳамроҳ бо паҳподи амрикоӣ як ҳавопаймои низомии амрикоӣ низ бо 35 нафар сарнишин ба марзҳои ҳавоии Эрон тааруз карда буд, ки Эрон метавонист онро низ мавриди ҳадаф қарор диҳад, аммо ин корро накард.

Маҷалаи Time дар ҳамон мақтаъ дар таҳлиле ба нақл аз Имӣ Згарт узви баландпояи андешкадаи Муассисаи Ҳувур ва Муассисаи мутолиоти байналмиллали Фриман Спуглӣ дар донишгоҳи Стонфорд навишт, сарнагунии ин паҳпод ба навъе ирсоли ин пайём ба Амрико буд, ки Эрон аз он чи ки эҳтимолан тасаввур мекардем қудратмандтар аст.

Амрико дар солҳои ахир барои тавҷеҳи мудохилаҳо ва султа бар кишварҳои ҳадаф иҷрои сенарияҳои сохтагиро дастури кор қарор додааст, то роҳро барои таҳоҷум ва таҷовузи низомӣ боз кунад, ки намунаи он ҳамлаи низомӣ дар соли 2003 ба Ироқ буд, ки бо такия бар прожаи дуруғини силоҳҳои химиёии Саддом сурат гирифт. Амрикоиҳо дар пайи он буданд ин тарҳро дар Сурия низ бар мабнои ҳамалоти сохтагии химиёӣ иҷро кунанд, ки ноком монданд. Ҷангталабҳои амрикоӣ яке аз тарафдорони ин назария ҳастанд ва ба ошиқони назарияи буҳрон маъруф шудаанд. Прожаи Эронҳаросӣ низ намунае дигар аз назарияи буҳрон дар қолабе дигар аст, ки Амрико хатари Эронро дар минтақа пурранг мекунад, то ҳадафҳои худро ба пеш бибарад.

Яке аз ин ҳадафҳо прожаи зарба ба ҷараёни муқовимат дар минтақааст. Амрико бо ин таҳаррукот, аммо илова бар эҷоди чолиш барои мавқеияти худ дар минтақа; режимҳои ҷинояткори муттаҳиди худро низ дар маърази посухи сахт аз сӯи ҷараёни муқовимат қарор додааст. Афкори умумӣ дар ҷаҳони имрӯз Амрико ва шахси Трампро масъули эҷоди буҳрон ва ҷанг ва нақзи қавонин ва муоҳидоти байналмиллалӣ медонанд. Ин иқдоми террористӣ низ дорои паҳлуҳои байналмиллалӣ аст, ки қатъан ҳазинаҳои он барои омилони ин ҷиноят ба маротиб бештар аз баҳрабардории таблиғотии кутоҳмуддати он хоҳад буд.