Январ 04, 2020 12:54 Asia/Dushanbe
  • Эрон ба шаҳодат расондани сардор Қосим Сулаймониро иқдоми терорристӣ ва ҷинояткорона донист

Намояндаи доими Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Милалли Муттаҳид , иқдоми Амрико дар ба шаҳодат расондани сардор Қосими Сулаймонӣ ва ҳамроҳони вайро,ки як иқдоми терорристии ҷинояткорона донист.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Маҷиди Тахт Равончӣ дар номае ба Антонио Гуттерреш Дабири кули ин Созмон ва ҳамчунин раиси Шӯрои амният бо ишора ба иқдоми терорристии низомиёни терорристи амрикоӣ дар ба шаҳодат расондани сардор сипеҳбуд сардор Сулаймонӣ нақши муҳиме дар кумак ба мардум ва давлатҳои бархе кишварҳои минтақа, ба дархости онҳо, дар шикаст додани хатарноктарин гурӯҳҳои терорристии чун ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои терорристии таъйин шуда тавассути Шӯрои амнияти Созмони Милалли Муттаҳид дошт.

Намояндаи доими Эрон дар Созмони Милалли Муттаҳид бо ишора ба ин,ки ин иқдоми тероррристӣ бар асоси дастури мустақими Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико сурат гирифта , таъкид кард ; ин амал як иқдоми ҷинояткорона ва мисдоқи боризи терорризми давлатӣ аст ва нақзи фоҳиши усули асосии ҳуқуқи байналмиллал ба вижа усули ошкор дар Маншури Созмони Милалли Муттаҳид маҳсуб мешавад ва муҷиби масулияти байналмиллалии Амрико аст.

Маҷиди Тахт Равончӣ ҳамчунин дар ин нома афзуд, ин иқдоми ғайри қонунӣ ва дар айни ҳол моҷароҷуёнаи Амрико пуч будани иддаъои ин кишвар бинобар муборизааш бо терорризмро ошкор кардааст.

Сафир ва намояндаи доими Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Милалл зимни радди қотеонаи тамоми истидлолҳои бепояи мақомоти амрикоӣ барои тавҷияи терори ҷинояткоронаи шаҳид сардор Қосим Сулаймонӣ ва маҳкум кардани ин ҷинояти хеле бад бо шадидтарин лаҳни мункин,эълом доштааст Ҷумҳурии исломии Эрон тамоми ҳуқуқи худ таҳти ҳуқуқи байналмиллалро барои гирифтани иқдоми лозим дар истифои ҳақи зотии дифои машруъ, маҳфуз медорад.

Тахт Равончӣ дар ин нома таъкид кард, Шӯрои амният бояд ба масулияти худ амал карда ва бо таваҷуҳ ба паёмадҳои вахими ин моҷароҷуии низомӣ ва хатарноки Амрико бар сулҳ ва амнияти байналмиллалӣ, ин иқдоми ҷинояткоронаи ғайри қонуниро маҳкум кунад.

Дар поёни номаи намояндаи доими Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Милалл таъкид шудааст, нерӯҳои мусалаҳи Эрон бавижа нерӯи қудси Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ,ки пайваста дар хатти муқадами мубориза бо терорризм ва ифротгароӣ дар минтақа будаанд, тибқи ҳуқуқ ва таъаҳудоти байналмиллалии Ҷумҳурии исломии Эрон, мусамам ҳастанд то бо қудрати тамом масири шаҳид сардор Сулаймонӣ дар мубориза бо гурӯҳҳои терорристӣ дар минтақаро то решакании комили онҳо идома диҳанд.