Пахши зиндаи маросими ташиъи пайкари сардор Сулаймонӣ аз шабакаҳои телевизионии байналмиллалӣ
Маросими ташиъи пайкари сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи шаҳиди Сипоҳи қудс ва Абумаҳдӣ Алмуҳандис муовини Созмони нерӯҳои мардумии Ироқ аз шабакаҳои телевизионии Ироқ ва минтақа ва ҷаҳон ба таври зинда пахш шуд.
Ба нақл аз радиои тоҷикии Садои Хуросон, шабакаҳои телевизионии Алфурот, Сумирия Ниюз, Алҳарраи Ироқ ва шабакаҳои телевизионии Алмасираи Яман, Алмаёдин, Алкавсар, ЭронПресс, Алъолам, Алманор ва Саҳар дар сатҳи минтақа ва шабакаи хабарии СНН,Франс24, Алҷазираи англисӣ, ББС англисӣ, Алъарабия ва расонаҳои форсизабони мухолифи Ҷумҳурии исломии Эрон, маросими ташиъи пайкари сардор сипаҳбуд шаҳид Сулаймонӣ ва ҳамразмони шаҳидашро ба таври зинда пахш карданд.
Майдони Алтаҳрири шаҳри Бағдод, ки дар моҳҳои гузашта саҳнаи эътирозот дар Ироқ барои дархости ислоҳот ва иқдомоти умронӣ буд, аз субҳи имрӯз шанбе лабрез аз ҷамъияте буд, ки барои ташиъи пайкари сардор Сулаймонӣ ва ҳамразмони шаҳидаш ҷамъ шуда буданд.
Ширкаткунандагон дар маросими ташиъи пайкарҳои шаҳидон дар Бағдод шиори бале ба Муқовимат, бале ба басиҷи мардумӣ сар доданд ва бар пойдорӣ ва тавоноии худ барои озодсозии хоки Ироқ таъкид карданд.
Як шаҳрванди ироқӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии Алъолам гуфт, фармондеҳони шаҳид дар баробари истикбор ва ҳампаймонони онҳо, аъам аз террористҳои диишӣ ё ҳокимони кишварҳои Халиҷи Форс ва Исроил пирӯз шуданд ва ин раванд чеҳраи ҷаҳонро тағйир хоҳад дод.
Сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва Абумаҳдӣ Алмуҳандис ноиб раиси Ҳашад Аш-Шаъбии Ироқ бомдоди рӯзи ҷумъа дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ дар фурудгоҳи Бағдод пойтахти Ироқ ба шаҳодат расиданд.