Интиқоли пайкари сардор сипаҳбуд шаҳид Қосими Сулаймонӣ ба Карбало
(last modified Sat, 04 Jan 2020 14:47:57 GMT )
Январ 04, 2020 19:47 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли пайкари сардор сипаҳбуд шаҳид Қосими Сулаймонӣ ба Карбало

Пайкари мутаҳҳари сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва ҳамразмони шаҳидаш пас аз ташиъ дар Бағдод барои ташиъ ба шаҳри муқаддаси Карбало мунтақил шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, пайкари мутаҳҳари фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва дигар ҳамразмони шаҳидаш рӯзи шанбе ибтидо дар Козимайн ва сипас дар Бағдод дар миёни андуҳи мардуми ин шаҳр ҳамроҳ бо шиорҳое зидди Амрико, Оли Сауд ва Исроил ташиъ шуд.

Қарор аст баъд аз баргузории маросими ташиъ дар шаҳри муқаддаси Карбало маросими мушобиҳе низ дар шаҳри муқаддаси Наҷафи ашраф баргузор шавад.

Дар ҳамлаи террористии рӯзи ҷумъаи нерӯҳои мутаҷовизи амрикоӣ наздики фурудгоҳи Бағдод даҳ нафар ба шаҳодат расиданд, ки панҷ нафар аз ҷумла сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ эронӣ ва панҷ нафар аз ҷумла Абумаҳдӣ Алмуҳандис ноиб раиси басиҷи мардумии Ироқ, ироқӣ буданд.

Пайкари мутаҳҳари сардор шаҳид Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва ҳамразмони шаҳидаш субҳи фардо (якшанбе) ба Эрон мунтақил хоҳад шуд.