Ҷон бохтани шуморе аз ташйиъкунандагон дар маросими хоксупории сардор Сулаймонӣ
Бар асари издиҳом ва фишори ҷамъият дар маросими ташйии пайкари сардор сипаҳбуди шаҳид Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи “Қудс”-и Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ теъдоде аз ташйиъкунандагон ҷон бохтанд ва шуморе ҳам захмӣ шуданд.
Ба гузориши ИРНА, Сайидмуҳаммади Собирӣ, раиси “Ёрии таъҷилӣ” ва мудири Маркази ҳаводису фавриятҳои пизишкии устони Кирмони Эрон гуфт, ағлаби ҳодисадидагон афроди солдида буданд. Киёнӯши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърсонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ҳам гуфт, ҳама масдумон ба бемористон мунтақил шуданд ва абъоди ин ҳодиса дар дасти баррасӣ аст, аммо ҳанӯз наметавон омори дақиқе аз ҷонбохтагон ва масдумони ҳодиса эълом кард.
Маросими ташйиъ ва хоксупории пайкари сардор сипаҳбуди шаҳид Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи “Қудс”-и Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ бо ҳузури садҳо ҳазор нафар аз мардуми Эрон, мақомоти кишварӣ ва лашкарӣ субҳи имрӯз дар Кирмон оғоз шуд. Пайкари сардори шаҳид Сулаймонӣ, бинобар васият эшон, дар "Гулзори шуҳадо"-и шаҳри Кирмон ба хок супурда мешавад.
Нерӯҳои мутаҷовизу террористи артиши Амрико бомдоди ҷумъа, савуми январ тайи ҳамлаи паҳподие дар фурудгоҳи Бағдод сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи “Қудс”-и Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ва Абумаҳдӣ Алмуҳандис, муовини Созмони басиҷи мардумии Ироқро ҳамроҳи ҳашт тани дигар аз қаҳрамонони мубориза бо терроризм ба шаҳодат расонданд. Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико соате баъд ба ҷинояти худ дар судури дастури ин террор эътироф ва Пентагон ҳам эълом кард, ки дастури ин ҳамларо Трамп содир карда буд.