Январ 08, 2020 17:33 Asia/Dushanbe
  • Маросими бузургдошти шаҳид Сулаймонӣ ва ҳамразмонаш аз тарафи Раҳбари муаззами инқилоб, фардо

Маросими бузургдошти сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ ва ҳамразмони шаҳидаш дар ҳусайнияи имом Хумайнӣ (раҳ) баргузор мешавад.

Ин маросим аз сӯи ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ субҳи фардо (панҷшанбе) дар ҳусайнияи имом Хумайнӣ (раҳ) баргузор мешавад.

Ҳамчунин маросими дигаре аз тарафи ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ шанбеи оянда (11 январ) пас аз намози мағриб ва ишо дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Маъсума (с) дар шаҳри Қум баргузор хоҳад шуд.

Сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ки бомдоди рӯзи ҷумъа (севуми январ) ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд, ба ҳамроҳи Абумаҳдӣ Ал-Муҳандис, ноибраиси Нерӯҳои басиҷи мардумии Ироқ ва 8 нафари дигар дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ ба фурудгоҳи Бағдоди Ироқ, ба шаҳодат расид.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ низ бомдоди имрӯз (чаҳоршанбе) дар посух ба ин иқдоми террористии Амрико, бо даҳҳо фарванд мушак, пойгоҳҳои Амрико дар устонҳои Аланбор ва Эрбили Ироқро ҳадаф қарор дод.

Мақоми огоҳ дар Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аз ҳалокат ва захмӣ шудани дастикам 280 низомии террористи амрикоӣ хабар дод.