Рӯҳонӣ: Иттиҳоди Аврупо бояд мавозеи мустақил аз Вашингтон иттихоз кунад
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, муҳосиботи ғалат ва зиёнбори Амрикоро ношӣ аз нотавонии ин кишвар дар шинохт аз Эрон ва минтақа донист ва таъкид кард, Иттиҳоди Аврупо бояд бо иттихози мавозеи мустақил аз Вашингтон, иҷоза надиҳед Эрон комилан аз Аврупо маъюс шавад.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи панҷшанбе дар тамоси телефонии Шарл Мишел (Charles Michel), раиси Шӯрои Аврупо, гуфт, агар маҷмаи Иттиҳоди Аврупо бихоҳад дар масири тақвияти сулҳу суботи минтақа фаъолият кунад, Теҳрон омодаи ҳамкорӣ ва мушорикат бо ин иттиҳодия аст.
Рӯҳонӣ бо таъкид бар инки Аврупо бояд дар хусуси иқдомоти террористии Амрико вокуниш нишон диҳад, тасреҳ кард, Амрико бо ташдиди таҳримҳо алайҳи Эрон ҳатто дар баҳси дору ва маводи ғизоӣ даст ба терроризми иқтисодӣ зад ва бо террори фармондеҳи бузурги Эрон, ҳамаи муқаррароти байналмилалиро зери по гузошт.
Раисиҷумҳури Эрон гуфт, тазоҳуроти густурдаи мардумӣ аз Кашмир то Ироқ ва Лубнон ба думболи террори сипаҳбуд шаҳид Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нирӯи Қудси Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ, баёнгари маҳбубият ва нақши бузурги ин шаҳид дар субот ва амнияти минтақа аст.
Рӯҳонӣ ҳамчунин панҷ гоми Эрон дар коҳиши тааҳҳудоти БарҶом-иро дар ростои эҷоди таодул донист ва изҳор кард, Эрон ба ҳамкориҳои худ бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ идома хоҳад дод.
Раиси Шӯрои Аврупо низ дар ин тамоси телефонӣ зимни ибрози таслият барои ҳаводиси ахир дар Эрон гуфт, БарҶом дастоварди 10 сол музокира буд ва Иттиҳоди Аврупо тамоми талоши худро барои ҳифзи ин тавофуқ ба кор хоҳад гирифт.
Шарл Мишел ҳамчунин бо баёни инки Аврупо ҳамаи талоши худро барои ифои нақши мусбат дар фазои сиёсии ҷаҳонӣ ва минтақа ба кор мегирад, ёдовар шуд, Аврупо дар рӯзҳои ахир борҳо аз Амрико хостааст то беш аз ин мӯҷиби афзоиши таниш дар минтақа нашавад.