Иттилоияи Ситоди кулли нерӯҳои мусалаҳи Эрон дар хусуси суқути ҳавопаймои украинӣ
(last modified Sat, 11 Jan 2020 05:50:54 GMT )
Январ 11, 2020 10:50 Asia/Dushanbe
  • Иттилоияи Ситоди кулли нерӯҳои мусалаҳи Эрон дар хусуси суқути ҳавопаймои украинӣ

Ситоди кули нерӯҳои мусалаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон дар хусуси суқути ҳавопаймои мусофирбарии хутути ҳавоии Украин дар наздикии Теҳрон иттилоияе содир кард.

Як фарванд ҳавопаймои мусофирбарии мутаалиқ ба хутути ҳавоии Украин субҳи чоршанбеи гузашта ( 8 январ ), наздики фурудгоҳи имом Хумайнӣ (р) Теҳрон суқут кард.

Ситоди кулли нерӯҳои мусалаҳи Эрон рӯзи шанбе дар иттилоияе эълом кард ; дар паи таҳдидҳои раиси ҷумҳурӣ ва фармондеҳони низомии Амрико бинобар ҳадаф қарор додани теъдоди зиёде аз ҳадафҳо дар хоки Эрон ва бо таваҷуҳ ба афзоиши бесобиқаи таҳарукоти ҳавоӣ дар минтақа, нерӯҳои мусалаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон ба манзури посухгуи ба таҳдидҳои эҳтимолӣ дар болотарин сатҳи омодабош қарор гирифтанд.

Дар ин баёния омадааст, дар соатҳои пас аз анҷоми амалиёти мушакии Эрон дар ҳадаф қарор додани пойгоҳҳои терорристҳои амрикоӣ дар Ироқ , парвозҳои ҷангии онҳо перомуни Эрон афзоиш ёфт ва ҳадафҳои мутададе дар бархе саҳифаҳои родор мушоҳида шуд,ки муҷиби ҳасосияти бештар дар маҷмуъаҳои падофанди ҳавоии Эрон шуд.

Ситоди кули нерӯҳои мусалаҳи Эрон тасриҳ кард ; дар чунин шароити ҳасос ва буҳронӣ, парвози шумораи 752 и Украин аз фурудгоҳи имом Хумайнӣ (р) ҳаракат карда ва дар  ҳангоми чархиш, комилан дар ҳолати наздик шаванда ба як маркази ҳасоси низомии Сипоҳи Посдорон ва дар иртифоъ ва шакли парвози як ҳадафи мутахосим қарор мегирад, ки дар ин шароит бар асари бурузи хатои инсонӣ ва ба сурати ғайри амд, ҳавопаймои мазкур мавриди асобат қарор гирифт.

Ситоди кули нерӯҳои мусалаҳи Эрон дар ин иттиллоия зимни арзи таслият ва ибрози ҳамдардӣ бо хонаводаҳои доғдор ва узрхоҳӣ ба далели хатои инсонии пешомада, итминони комил дод, бо пайгирии анҷоми ислоҳоти асосӣ дар фарояндҳои амалиётӣ дар сатҳи нерӯҳои мусалаҳи Эрон имкони такрори ингуна хаторо ғайри мункин сохта ва билофосила муқасири онро ба Созмони қазоии нерӯҳои мусалаҳи Эрон муарифӣ карда то бо хатоҳои суратгирифта бархурди қонунӣ сурат гирад.