Январ 11, 2020 12:40 Asia/Dushanbe
  •  Баёнияи раиси ҷумҳурии Эрон дар бораи ҳодисаи суқути ҳавопаймои мусофирбарии украинӣ

Раиси ҷумҳур дар баёнияе бо ишора ба натиҷаи тими таҳқиқотии Ситоди кули нерӯҳои мусалаҳи марбут ба ҳодисаи суқути ҳавопаймои мусофирбарии украинӣ,эълом кард ;

дар фазои таҳдид ва тарси режими мутаҷовизи Амрико алайҳи Эрон пас аз шаҳодати сардор Сулаймонӣ ва ба манзури дифо дар баробари ҳамлаҳои эҳтимолии артиши Амрико, нерӯҳои мусалаҳи ҷумҳурии исломии Эрон дар омодабоши дар дар сад қарор доштанд,ки мутаасифона хатои инсонӣ ва шилики иштибоҳ, ба як фоҷиаи бузург сабаб шуд ва даҳҳо инсони бегуноҳ қурбонӣ шуданд.

Матни баёнияи Ҳуҷатулислом валмуслимин дуктур Ҳасани Рӯҳонӣ ба ин шарҳ аст;

Бисмилоҳи раҳмони Раҳим

 Инналилоҳи ва инаилайҳи роҷеъун (Бозгашти ҳама ба сӯйи Ӯст)

Миллати шарифи Эрон

Бо ниҳояти таасуф ва таасур аз натиҷаи тими таҳқиқотии Ситоди кули нерӯҳои мусалаҳи  марбут ба ҳодисаи суқути ҳавопаймои мусофирбарии украинӣ муталеъ шудам. дар фазои таҳдид ва тарси режими мутаҷовизи Амрико алайҳи Эрон пас аз шаҳодати сардор Сулаймонӣ ва ба манзури дифо дар баробари ҳамлаҳои эҳтимолии артиши Амрико, нерӯҳои мусалаҳи ҷумҳурии исломии Эрон дар омодабоши дар дар сад қарор доштанд,ки мутаасифона хатои инсонӣ ва шилики иштибоҳ, ба як фоҷиаи бузург сабаб шуд ва даҳҳо инсони бегуноҳ қурбонӣ шуданд.

Ҷумҳурии исломии Эрон аз ин иштибоҳи фоҷиабор бисёр мутасиф аст ва инҷониб аз суи Ҷумҳурии исломии Эрон ба хонаводаҳои қурбониёни ин фоҷиаи дарднок, амиқан таслият арз мекунам ва ба кулияи дастгоҳҳои зирабт дастур медиҳам,ки тамоми иқдомҳои лозим барои ҷуброн, ҳамдардӣ ва дилҷӯӣ аз ишон ба амал оваранд. Ҳамчунин зимни ибрози таасуфи шадид, ҳамдардии давлати Эронро ба миллатҳо, давлатҳо ва хонаводаҳои қурбониёни ғайриэронӣ тақдим менамоям. Вазорати умури хориҷа, ҳамкории комили консулӣ барои шиносоӣ ва бозгардондани пайкарҳои қурбониён ба хонаводаҳояшонро ба амал меоварад.

Ин ҳодисаи дарднок мавзуе нест,ки ба содагӣ битавон аз канори он гузашт. Бояд таҳқиқоти такмилие барои шиносоии кулияи иллатҳо ва авомили ин фоҷиа идома ёфта ва мусабабини ин иштибоҳи нобахшиданӣ мавриди пайгарди қонунӣ қарор гирифта ва натиҷаҳо ба истеҳзори миллати  шарифи Эрон ва хонаводаҳои қурбониён бирасад.

Ҳамчунин зарурат дорад барои рафъи нуқтаҳои заъфи сомонаҳои падофандии кишвар,тартибот ва тамҳидоти лозим гирифта шавад то ҳаргиз чунин фоҷиае такрор нашавад.

 Зимни изҳори ҳамдардии дубора ба хонаводаҳои қурбониёни ин ҳодисаи дарднок, барои даргузаштагон аз даргоҳи иллоҳӣ, ғуфрон ва раҳмати иллоҳӣ ва барои бозмондагон сабр ва аҷр масалат дорам.

Ҳасани Рӯҳонӣ

Раиси ҷумҳурии исломии Эрон