Ташкили додгоҳи вижа барои баррасии сониҳаи суқути ҳавопаймо
Раиси ҷумҳури Эрон гуфт, барои баррасии сониҳаи суқути ҳавопаймо бояд додгоҳи вижа ташкил шавад.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, раиси ҷумҳурӣ гуфт, қувваи қазоия бояд як додгоҳи вижа бо як қозии баландрутба ва даҳҳо коршинос барои баррасии сониҳаи суқути ҳавопаймо ташкил диҳад, чун ин парвандаи одӣ ва маъмулӣ нест.
Ҳуҷҷатул ислом валмуслимин Ҳасани Руҳонӣ дар ҳамоиши таҷлил аз намунаҳои миллии бахши кишоварзӣ гуфт, ман аз лаҳзае, ки эҳтимол додам суқути ин ҳавопаймо ба сурати табиӣ ва одӣ набошад талоши фаровоне кардам, ки даврони баррасӣ ва таҳқиқ кутоҳ шавад ва мо ба диққат бидонем, ки ин ҳавопаймо чигуна суқут кардааст.
Раиси ҷумҳур афзуд, ҳамкориҳои хубе аз тарафи нерӯҳои мусаллаҳ, ки танҳо масири мо барои ёфтани ҳақиқат дар ин бахш буд анҷом гирифт ва билофосила баъд аз он ки барои ман мушаххас шуд як хатои бисёр дарднок ва нобахшуданӣ анҷом гирифта дар ҳамон лаҳза ман ба масъулони амр эълом кардам билофосила ба мардум иттилоъ диҳанд.
Руҳонӣ гуфт, ҳоло ин ҳодиса, ҳодисаи бисёр талхе буд таҳаммулаш барои мардум бисёр сангин аст ҳатто агар ин ҳавопаймо ба хотири нақзи фаннӣ ҳам суқут карда буд боз ҳам бисёр ғамбор буд, аммо баъд аз ин ки мушаххас шуд хатои инсонӣ мунҷар ба ин фоҷеа шудааст ғами мардумро чандин баробар кард.
Раиси ҷумҳур афзуд, қувваи қазоия бояд як додгоҳи вижа бо як қозии баландрутба ва даҳҳо коршинос ташкил диҳад, ин парвандаи одӣ ва маъмулӣ нест тамоми дунё назорагари ин додгоҳ хоҳанд буд.
Ӯ афзуд, ба ҳамаи азизони давлат тавсия мекунам дар канори ин хонаводаҳои азиз бошанд мушкил ва масоили онҳоро пайгирӣ кунанд. Аз мардуми азизи Эрон мехоҳам дар канори ин азизон ҳамдардии арзишмандеро анҷом диҳанд.