Сентябр 28, 2016 17:50 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Эрон ба таркишҳои террористии Ироқ

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, куштори афроди бегуноҳ натиҷаи сукути маргбори ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.

Ба гузориши идораи кулли дипломатияи расонаии Вазорати умури хориҷаи Эрон, Баҳроми Қосимӣ - сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон имрӯз - чаҳоршанбе зимни ибрози ҳамдардӣ бо мардум ва давлати Ироқ ва бозмондагони қурбониёни ин ҳодисаҳои шуми террористӣ, куштори афроди бегуноҳ дар Ироқ, Сурия, Яман ва дигар нуқоти минтақа ва ҷаҳонро натиҷаи бетаваҷҷуҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба сабабҳо ва решаҳои фикрӣ ва ҳимоятҳои молӣ аз террор ва хушунат донист, ки бо ангезаҳои хос ва тафриқаафканона сурат мегирад.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бори дигар масъулияти байналмилалии ҳамаи нақшофаринони минтақаӣ ва байналмилалиро нисбат ба муқобилаи ҷиддӣ ва воқеӣ бо падидаи шуми терроризм ёдовар шуд.

Бар асоси ин гузориш, дар пайи таркишҳои террористӣ дар манотиқи мухталифи Ироқ ҳудуди сад нафар ҷони худро аз даст доданд.