Январ 18, 2020 13:31 Asia/Dushanbe
  • Раиси пажуҳишгоҳи фазоӣ ; Эрон инҳисори Амрикоро дар сохти матори фазоӣ шикаст

Раиси пажуҳишгоҳи фазоии Эрон гуфт; Ҷумҳурии исломии Эрон ба дониши сохти маторҳои фазоие ,ки пеш аз ин дар ихтиёри Амрико буд даст ёфт.

Ба гузориши радиои бурнмарзии Садои Хуросон  Ҳусейн Самимӣ раиси пажуҳишгоҳи фазоии Эрон бо баёни ин ,ки дониши тароҳӣ ва сохти маторҳои фазоӣ бо номи Ораш тавассути мутахасисони Эрон анҷом шуд , афзуд ;  матори Ораш дар сомонаи интиқолмадории моҳвора қарор мегирад ва имкони ирсоли моҳвораро ба мадорҳои болои замин фароҳам мекунад. Самимӣ тасриҳ кард ; дар ояндаи наздик матори Ораш барои интиқолмадории моҳвораи Ноҳид 2 бакор гирифта хоҳад шуд. Ба гуфтаи раиси пажуҳишгоҳи фазоии Эрон , маторҳои фазоии сохти Эрон ба мурур тавсиъа ва беҳбуд пайдо хоҳанд кард то дар нақшаи роҳи тавсиъаи моҳвораҳо бакор гирифта шаванд. Бар асоси ин гузориш, сомонаи интиқолмадори моҳвора , бурдмадории моҳвораро зиёд мекунад ва пас аз он ,ки моҳвора бар то иртифои 400 киллометр моҳвораро ҳидоят мекунад аз онҷо ба баъд бо истифода аз матори фазоӣ имкони ҳидояти моҳвора то мадори 7 ҳазор килллометри замин имконпазир мешавад.