Визаи Эрон ва Русия бекор карда мешавад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i50120
Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноати дастии Эрон эълом кард, визаи Эрон ва Русия ба зудӣ бекор карда мешавад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 19, 2020 14:45 Asia/Dushanbe
  • Визаи Эрон ва Русия бекор карда мешавад

Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноати дастии Эрон эълом кард, визаи Эрон ва Русия ба зудӣ бекор карда мешавад.

Ба нақл аз Спутник, Алиасғари Мунисон, вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноати дастии Эрон гуфт, яке аз кишварҳое, ки ба унвони кишвари ҳадаф дар барномарезиҳо қарор гирифтааст, Русия аст ва дар сафаре, ки ба ин кишвар хоҳем дошт, тафоҳумномаи бекор кардани визаи дутарафа бо ин кишварро имзо хоҳем кард.

Эрон ва Русия аз 5 соли пеш дар паи бекор кардани визаи дуҷониба буданд.

Дар паи ин хоҳиши дутарафа, 4 соли пеш тафоҳумномаи тасҳили эътои виза миёни вазирони хориҷаи ду кишвар имзо ва дар идомаи он раванди дарёфти виза кутоҳтар шуд.