Ироқчӣ: Террори сардор Сулаймонӣ иштибоҳи роҳбурдии Амрико аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i50129
Муовини сиёсии Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: террори Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи "Қудс"-и Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ иштибоҳи Амрико буд, ки нуқтаи атфи бузурге дар ғарби Осиё ва Халиҷи Форос эҷод кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 19, 2020 18:41 Asia/Dushanbe
  • Ироқчӣ: Террори сардор Сулаймонӣ иштибоҳи роҳбурдии Амрико аст

Муовини сиёсии Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: террори Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи "Қудс"-и Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ иштибоҳи Амрико буд, ки нуқтаи атфи бузурге дар ғарби Осиё ва Халиҷи Форос эҷод кард.

Сайидаббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии Вазорати умури хориҷаи Эрон, рӯзи якшанбе дар нишасти абъоди сиёсӣ ва роҳбурдии паёмадҳои террори сардор шаҳид Қосими Сулаймонӣ, ки дар Донишкадаи равобити байналмилали Вазорати умури хориҷаи Эрон дар Теҳрон баргузор шуд афзуд: 

Террори сардор Сулаймонӣ мӯҷиби афзоиши ангезаҳои муқовимат шуд ва касоне, ки аз шаҳодати ин сардори воломақом хушҳол шуданд, бидонанд, шаҳодати сардор Сулаймонӣ ҳатман ба ҷунбиши муқовимат қудрати бештару бештар хоҳад дод.

Ироқчӣ тасреҳ кард: Бо террори сардор Сулаймонӣ муқовимат чизеро аз даст надод, балки силоҳ ва ормони муқовимат ва ҳатто гуфтумон ва фармондеҳии ин ҷунбиш шиддати бештаре гирифтааст.