Генер Саломӣ: Нотавонии душманони ислом, натиҷаи муҷоҳидатҳои сипаҳбуд Сулаймонӣ аст
Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ бо баёни инки сардори сипаҳбуд шаҳид Қосими Сулаймонӣ душманони исломро овора ва саргардон карда буд, таъкид кард, нотавонӣ ва фарсудагии душманони уммати исломӣ, натиҷаи муҷоҳидатҳои сипаҳбуди шаҳид Сулаймонӣ аст.
Генерал Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ рӯзи душанбе дар маросими муорифаи фармондеҳи нирӯи Қудси сипоҳ дар Теҳрон тасреҳ кард, сипаҳбуди шаҳид Сулаймонӣ натанҳо зинда, балкӣ ҳаётбахш ва ҷараёнсоз аст ва ин сардори бузург бо шаҳодати худ, мавҷ ва ҳаракати беназирро натанҳо дар Эрони исломӣ, балки дар миёни уммати ислом ва соири миллатҳо эҷод кард.
Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон, шаҳид Сулаймониро як мактаб, роҳ ва ситорае дурахшон дар сипеҳри ифтихороти Инқилоби Ислом, тавсиф ва хотирнишон кард, роҳи шаҳид Сулаймонӣ идома меёбад.
Генерал Саломӣ афзуд, сипаҳбуди шаҳид Сулаймонӣ барои аввалин бор дар таърих, ҷабҳаи васееро дар уммати исломӣ алайҳи душманон ба хусус Амрико ва режими ғосиби саҳюнистӣ эҷод кард.
Бар асоси ин гузориш, дар маросими муорифаи фармондеҳи нирӯи Қудси Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ва посдошти муҷоҳидатҳои сардори сипаҳбуд шаҳид Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи фақиди ин нирӯ, ки бо ҳузури фармондеҳон ва масъулони олирутбаи нирӯҳои мусаллаҳи Эрон баргузор шуд, ҳукми интисоби генерал Исмоили Қоонӣ ба вай эъто шуд.
Ҳамчунин бо ҳукми фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон, генерал Саидмуҳаммади Ҳиҷозӣ ба унвони ҷонишини фармондеҳи нирӯи Қудси сипоҳ мансуб шуд.