Январ 24, 2020 20:15 Asia/Dushanbe
  • Посухи дандоншикани Зариф ба изҳороти мақоми саудӣ

Вазири умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба изҳороти Одил Алҷубайр, вазири мушовир дар умури хориҷаи Арабистон дар твите навишт: “кишварҳои оддӣ кушторгоҳҳояшонро ба ҷойи консулгарӣ ҷо намезананд”.

Ба гузориши “Спутник”, Одил Алҷубайр, вазири мушовир дар умури хориҷии Арабистон рӯзи панҷшанбе дар ҷаласаи гуфтугӯӣ дар Маҷмаи ҷаҳонии иқтисод дар Давоси Швейтсария дар изҳороте гуфта буд, ки “замоне, ки Эрон монанди як кишвари оддӣ амал кунад, метавонем бо он робитаамонро эҳё кунем”.

Зариф дар вокуниш ба ин изҳорот дар твите навишт, кишварҳои оддӣ ба ҳамсоягонашон ҳамла намекунанд, боиси эҷоди буҳронҳои башардӯстона намешаванд ва аз музокира сар боз намезананд.

Пеш аз ин низ вазири умури хориҷаи Эрон бо интишори паёме ба забони арабӣ дар ҳисоби корбарии худ дар Твиттер навишта буд: “Дарҳои гуфтугӯ бо ҳамсоягон аз тарафи Эрон боз аст ва мо омодагии худро барои нақшофаринӣ дар ҳар коре ки ба нафъи минтақа бошад, эълом мекунем”.

 

Барчасп