Январ 26, 2020 21:55 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди дабири кулли Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазҳабҳои исломӣ бар ваҳдат

Дабири кулли Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазҳабҳои исломӣ, ҷилавгирӣ аз эҷоди тафриқа дар байни мусалмононро вазифаи аслии ин маҷмаъ унвон кард.

Ба гузориши ИРНА, ҳуҷҷатулислом валмуслимин Ҳамиди Шаҳриёрӣ, дабири кулли Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазҳабҳои исломӣ рӯзи якшанбе дар нишасти Шӯрои муовинини Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазҳабҳо дар Теҳрон афзуд:

Имрӯз истикбори ҷаҳонӣ ҳама зарфиятҳои худро ба кор гирифта ва машғули зулм дар саросари ҷаҳон аст.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин тасреҳ кард: Истеъморгарон бо ҳузури худ дар саҳнаҳои ҷаҳонӣ, ҳар рӯз бузургон ва сардоронро таҳдид мекунанд, ки ин ба маънии густурдагии зулм дар ҷаҳон аст.