Январ 27, 2020 17:02 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Ваҳдати мардуми Эрон омили нокомии тавтеаҳои Амрико аст

Раисиҷумҳури Эрон бо баён инки Амрико бо хурӯҷ аз БарҶОМ ва террори сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ ба думболи мунзавӣ кардани Эрон будааст, таъкид кард, ваҳдат ва инсиҷоми мардуми Эрон, омили шикаст ва нокомии тавтеаҳои Амрико аст.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи душанбе дар ҳамоиши устондорон ва фармондорони саросари кишвар бо ишора ба рушди иқтисодии Эрон дар минтақа тасреҳ кард, душманон бо мушоҳидаи қудрати мардум ва шукуфоии иқтисодии Эрон ба думболи аз байн бурдани инсиҷом, ваҳдат, оромиш ва иқтисоди мардуми Эрон ҳастанд.

Рӯҳонӣ ҳамчунин бо ишора ба баргузории интихоботи ёздаҳумин давраи Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон дар 21 феврал таъкид кард, ҳузури миллати Эрон дар саҳнаҳои мухталиф, омили қудрати доимии Ҷумҳурии исломӣ будааст.

Раисиҷумҳури Эрон бо баёни инки Ҷумҳурии исломӣ, низоми такҳизбӣ нест, тасреҳ кард, дар низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон, тамоми ақшор аз ҷиноҳҳои мухталиф дар канори ҳам дар интихобот ширкат мекунанд.

Интихоботи даври ёздаҳуми Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон дар 208 ҳавзаи интихобияи саросари Эрон барои интихоби 290 намояндаи маҷлис ва нахустин миёндавраии даври панҷуми Маҷлиси Хубрагони раҳбарӣ дар 5 ҳавзаи интихобияи Теҳрон, Форс, Хуросони Шимолӣ, Хуросони Разавӣ ва Қум дар 21 феврали 2020 баргузор хоҳад шуд.