Дувумин Комиссияи олии муштараки ҳамкориҳои парлумонии Эрон ва Русия
Дувумин Комиссияи олии муштараки ҳамкориҳои парлумонии Эрон ва Русия бо ҳузури Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ ва Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия рӯзи душанбе дар Теҳрон баргузор шуд.
Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон Комиссияи муштараки ҳамкориҳои парлумониро маҳалле барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Русия донист ва ибрози умедворӣ кард, баргузории ин комиссия ба тақвияти муносиботи роҳбурдии ду кишвар кумак кунад.
Муносиботи Эрон ва Русия бахши густурдае аз ҳамкориҳоро шомил мешавад, аммо мавзӯе, ки аҳамияти ин ҳамкориро дар ин замон ду баробар карда, роҳбурдӣ будани сатҳи равобити ду кишвар аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин мавзуъ, музокироти руасои маҷолиси Эрон ва Русия аз се ҷанба дорои аҳамият аст:
Ҷанбаи нахуст - таъсиргузор будани тасмимоти Комиссияи муштараки парлумонӣ бар тақвияти равобити роҳбурдии ду кишвар аст.
Ҷанбаи дувум, аҳамияти ин нишаст - таваҷҷуҳи вижаи маҷолиси ду кишвар ба масоил ва чолишҳои перомунӣ ва чигунагии муқобила бо таҳдидҳои муштарак аст. Лориҷонӣ дар ҳамин хусус бо ишора ба ройзаниҳои наздики Эрон ва Русия дар масоили мухталиф изҳор дошт, ду кишвар гомҳои баланди муштараке ба хусус дар мубориза бо терроризм бардоштаанд ва ҳамчунин ҳамкориҳои амниятӣ- низомии хубе доранд, ки намунаи ахири он баргузории манёври муштараки Эрон, Русия ва Чин буд.
Ҷанбаи севуми аҳамияти ин гуфтугӯҳо пайгирии раванди иҷрои тавофуқоти дуҷониба ва суръат бахшидан ба ҳамкориҳои ду кишвар аст.
Таҳаввулоти солҳои ахир дар минтақа нишон дод, ки Эрон ва Русия бо чолишҳои мушобеҳ ва таҳдидоти муштараки фароминтақаӣ мувоҷеҳанд. Думаи Русия ва Маҷлиси Шӯрои исломӣ - ду ниҳоди мустақил бо ихтиёроти васеъ ҳастанд, ки таомул миёни онҳо таъсироти қобили таваҷҷуҳе бар дафъи таҳдидҳо ва тақвияти равобити иқтисодӣ ва пӯётар шудани ҳамкориҳои роҳбурдии ду кишвар дорад. Ба ҳамин иллат, истимрори таомул ва ҳамкориҳои парлумонӣ як зарурат дар равобити ду кишвар аст.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар Теҳрон (ноябри 2017) ҳамкорӣ барои муқобилаи муштарак бо таҳримҳои Амрико зидди Эрон ва Русияро муфид донистанд ва гуфтанд, амрикоиҳо мутаассифона, ба ёғигарии худ идома медиҳанд, ки бояд бо такя бар ақл ва истифода аз роҳҳои саҳеҳ бо онон бархурд шавад.
Раиси ҷумҳурии Русия низ дар дидор бо Раҳбари муаззами инқилоб, Эронро шарики стратегӣ ва ҳамсояи бузург донист ва тасреҳ кард: “Аз ҳар замина ва фурсате барои густариш ва таҳкими ҳамаҷонибаи равобит истифода мекунем”.
Эрон ва Русия илова бар БарҶом дар бораи таҳаввулоти минтақа низ ройзниҳои мустамар доранд. Дар буъди низомӣ ва амниятӣ, баргузории манёври дарёии муштараки Эрон бо Русия ва Чин дар дарёи Уммон ва шимоли уқёнуси Ҳинд, ҳамчунин мушорикат дар раванди мубориза бо терроризм дар минтақа ва пайгирии раванди музокироти Сурия аз дигар мавзӯоте ҳастанд, ки равобити роҳбурдии Эрон ва Русияро шакл додаанд.
Дар ҳамин росто, авоили январ Маҷмаи гуфтугӯи Теҳрон бо меҳварияти тарҳи “Сулҳи Ҳурмуз” бо ҳузури андешамандон ва сиёсатмадорони кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Русия баргузор шуд. Ин сатҳ аз ҳамкориҳо дар шароите, ки Амрико саъй дорад монеъ аз ҳамгироӣ ва густариши муносибот байни Эрон ва кишварҳои минтақа шавад, аз аҳамияти стратегӣ бархурдор аст. Ин мавзӯро раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон бо ишора ба ин ки амрикоиҳо шароити минтақаро ба самти диктатории байналмилалӣ мебаранд, мавриди таъкид қарор дод ва гуфт, дар ин шароит ҳамкориҳои Эрон ва Русия бисёр муҳим аст.
Дар ин ҷиҳат бояд аз ҳамаи зарфиятҳо, аз ҷумла нақши маҷолиси ду кишвар барои ҳифзи манофеъ ва масолеҳи муштарак истифода кард. Эрон ва Русия то кунун нишон додаанд, ки нисбат ба таъмини амният ва манофеи минтақаӣ ва байналмилалӣ дарки муштараке доранд. Дувумин Комиссияи олии муштараки ҳамкориҳои парлумонии Эрон ва Русия низ дар ҳамин чорчӯб баргузор шуд.