Сӯгвории мардуми саросари Эрон дар солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с)
Ҳамзамон бо солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (саломуллоҳи алайҳо) мардуми саросари Эрони исломӣ сӯгвори духтари гиромии паёмбари акрам - ҳазрати Муҳаммад (с) ва ҳамсари амири муъминон Алӣ ибни Абитолиб (а) шуданд.
Имрӯз (чаҳоршанбе), 29 январи соли 2020, севуми ҷимодиюссонии 1441 ҳиҷрии қамарӣ солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) аст. Иродатмандони аҳли байти исмат ва таҳорат (а) бо ҳузури густурда дар масоҷид, ҳусайнияҳо, амокини мазҳабӣ ва ҳамчунин боргоҳи малакутии ҳазрати имом Ризо (а) дар Машҳади муқаддас (шимоли шарқи Эрон) ва ҳазрати Маъсума (с) дар шаҳри Қум (ҷануби Теҳрон) дар ойини сӯгвории шаҳодати мазлумонаи духти набии акрам (с) ашки мотам рехтанд.
Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) дар бистуми ҷимодиюссонии соли панҷуми биъсат дар хонаи ҳазрати Муҳаммад (с) ва ҳазрати Хадиҷа (с) дар Маккаи мукаррама чашм ба ҷаҳон кушуданд. Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) аз кӯдакӣ таҳти роҳнамоиҳои падари гиромиашон паёмбари акрам (с) бо маорифи олии илоҳӣ ошно шуданд. Барои эшон алқоб ва сифоти зиёде ҳамчун Заҳро, Сиддиқа, Тоҳира, Муборака, Батул, Розия ва Марзия низ зикр шудааст. УммулҲусайн, УммулҲасан, Уммулаимма ва Умми абиҳо аз ҷумлаи кунияҳои ин бонуи мутаҳҳари Ислом аст. Саросари зиндагонии ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) мамлу аз макорими ахлоқӣ ва рафторҳои намуна ва инсонӣ аст. Эшон бо Имом Алӣ (а) издивоҷ карданд ва дар ҳамсардорӣ ва меҳри модарӣ улгӯи ҷаҳониён ҳастанд. Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) пас аз 18 соли зиндагӣ бар асари зулмҳои фаровон ва ранҷу ғами вафоти падарашон ҳазрати Муҳаммад (с) ба ривояте дар 13 ҷимодиюлавал ва ё севуми ҷимодиюссонии соли 11 ҳиҷрии қамарӣ ба шаҳодат расиданд.